Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат миёни ронандагон
2024-04-15 08:52:45
12-уми апрели соли ҷорӣ, Акрамӣ Саидусмон Саидислом – сардори Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Муассисаи давлатии
“Нақлиёти
автомобилӣ
ва хизматрасонии логистикӣ” бо роҳбарон ва ронандагони ҶДММ “Сорбон”, ҶДММ “Ориён” ва ҶДММ “Олуча таксӣ” вохурӣ анҷом дод. Дар
меҳвари
мулоқот
шарҳу тавзеҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи
соли 2024, АП-484 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баён гардида буд қарор дошт. Дар вохўрӣ инчунин ба масъалаҳои риоя намудани
қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии
шаҳрвандон,
баланд бардоштани маърифати
экологии ронандагон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.