ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҳамоиш дар партави мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

2024-04-23 12:09:15

17.04.2024. Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат дар Раёсати МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд ҷаласа баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад, ки кормандони раёсату шўъбаҳо ва идораҳои раёсат иштирок доштанд, муовини сардори Раёсати МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд Шавкат Исмоилов дар баромади худ матни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи иштирокдорони маҷлис расонид. Дар идома, сардори Раёсати муассиса Тоиров Ҷаҳонгир баромад намуда, таваҷҷӯҳи кормандонро ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷалб намуд. Дар фарҷоми маҷлис ба кормандони раёсат ва шўъбаву идораҳои он супориш дода шуд, ки ҳар яки онҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо намояндагони корхонаю ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ вохӯриҳо ташкил намуда, корҳои таблиғотию ташвиқотиро дар самти волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монанд.