Ҳамоиш барои ҳалли масъалаҳои марбут ба хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ дар минтақаи Рашт
2024-04-25 11:10:34
24-уми
апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маҷлиси
васеъ дар робита ба ҳалли масъалаҳои марбут ба хизматрасониҳои нақлиётию
логистикӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовинони раисони ноҳияҳои минтақаи
Рашт, сардорони раёсат ва шўъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин
минтақа, сардори Раёсати МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар минтақаи Рашт Меҳриддин Хушбахтов, намояндаи Раёсати бозрасии
давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ иштирок доштанд. Дар ҷаласа сардори
Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳои МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Фирўз Ғафуров баромад
намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро роҷеъ ба тартиби фарогирии корхона ва ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ бо борхату роҳхат, ба роҳ мондани хатсайрҳои нав, тарзи дурусти
хизматрасониҳои
нақлиётӣ дар терминалҳо, пешгирӣ аз фаъолияти ғайриқонунии хатсайрҳо ва тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои марказӣ, афзалият ва истифодаи барномаи рақамикунонии роҳхату борхат, тартиби гузаронидани санҷиш ва риоя намудани муҳлати роҳхату борхат ва гузаронидани дарсҳои одобу
муошират дар корхона ва ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум ҷалб
намуд. Дар идома аъзои Раёсати маҷлис барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои
нақлиётию логистикӣ қарорҳои дахлдор қабул намуданд.