ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҳамоиш ҷихати афзалияти рақамикунонии соҳаи нақлиёт

2024-05-23 11:33:22

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Кӯҳистони Бадахшон дар робита ба рақамикунонии соҳаи нақлиёт маҷлис баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндагон аз МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”, Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ иштирок доштанд. Дар ҷаласа намоянда аз МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” таваҷҷуҳи иштирокчиёнро дар баробари афзалиятҳои  гузариш ба рақамикунонии соҳа, инчунин ба тартиби фарогирии корхона ва ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ бо борхату роҳхат, ба роҳ мондани хатсайрҳои нав, тарзи дурусти хизматрасониҳои нақлиётӣ дар терминалҳо, афзалият ва истифодаи барномаи рақамикунонии роҳхату борхат ва гузаронидани дарсҳои одобу муошират дар корхона ва ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум ҷалб намуд.