ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Вохурии намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо масъулини вазорати нақлиёт ва бахши хусусии ширкатҳои логистикии Тоҷикистон

2024-05-31 11:53:04 | Диданд: 395

31.05.2024. 31-уми май вохӯрии муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Раҳмиддин Саломзода бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар доираи он масъалаҳои муаррифӣ ва пешниҳоди истифодаи долони Транскаспӣ аз ҷониби ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ Осиё Миёна муҳокима гардид. Дар доираи мулоқот ҷонибҳо инчунин ба омоданамудани барномаи минтақавии дастгирии долони нақлиётии Транскаспӣ дар доираи стратегиияи Иттиҳоди Аврупоӣ “Дарвозаи глобалӣ” (Global Gateway) барои Осиёи Миёна ва роҳҳои ҳали мушкилоти дар ин самт мавҷударо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.