ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Натиҷаи рафти семинарҳои омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”

2024-06-10 03:44:17

Шуъбаи назорати боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои нақшаи баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ оид ба истифодабарии варақаҳои роҳхати электронӣ ва назорати риояи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа дар шаҳру ноҳияҳо, минтақаҳо (вилоятҳо) бо иштироки кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзими нақлиёт ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо анҷом дода шуд. Аз ҷониби кормандони шуъба, моҳи апрели соли ҷорӣ дар бинои муассиса бо иштироки кормандони шуъбаи Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ дар  шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт семинар оид ба рақамикунонии барномаи электронии варақаҳои роҳхату борхат ва “Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба шакли роҳхатҳо, тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Инчунин, моҳи май роҷеъ ба масъалаи мазкур бо кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Файзобод ва Варзоб семинарҳои омўзиши низ гузаронида шуд, ки дар рафти он мазмуну муҳтавои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30.12.2011с., №643 ва “Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30.12.2019с., №642, супоришҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рақамикунонӣ, шаклҳои нави варақаҳои роҳхату борхати электронӣ, тартиби гузаронидани санҷиш тавассути телефонҳои мобилӣ (замимаи сканер - QR), муҳлати истифодабарии варақаҳои роҳхати шакли  1-А, 2-Б ва 3-С, (яъне тамдид накардани муҳлати онҳо, дастнавис)  ва оид ба бартариҳои варақаҳои роҳхату борхати электронӣ миёни иштирокдорон кор бурда шуд. Ҳаминро бояд гуфт, ки  дар  семинарҳо иштирокдорон фаъол буда, дар робита ба суолҳои худ аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” ҷавобҳои мушахас гирифтанд.