Мулоқоти намояндагони Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” бо сокинони ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ
2024-06-11 04:29:13
Кормандони раёсати Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва
хизматрасонии логистикӣ” дар минтақаи Кӯлоб бо сокинони ҷамоати деҳоти Худоёр
Раҷабови ноҳияи Восеъ вохури анҷом
доданд. Дар ин мулоқот, ки
раисони ҷамоату деҳоти ин минтақа низ
иштирок доштанд, масъалаи кушодани хатсайри нав аз ҳудуди деҳаи Пушёни боло то
шаҳри Кӯлоб баррасӣ гардид. Таъкид гардид,
ки баъди анҷоми расмиёт, хатсайри нав аз ҷониби ҶДММ “Сабзавод” ба роҳ монда шуда, ба сокинону меҳмонон
хизматрасонӣ хоҳад кард. Масъулони раёсати муассиса ба сокинон тавсия доданд,
ки дар сурати фаъол гардидани хатсайри
нав аз он самаранок истифода бурда, шарту талаботи Қоидаҳои ҳаракат
дар роҳро ба
пуррагӣ риоя
намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ин мулоқот дар асоси муроҷиати сокинони ҷамоати
деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ ҷиҳати роҳандози намудани хатсайри нави мусофирбарӣ сурат гирифт. Ҳамасола дар асоси дархосту
пешниҳоди сокинони
шаҳраку деҳот хастсайрҳои мусофирбарӣ ба истифода дода мешавад, ки ин омил ба рафту
омади бемамонияти истифодабарандагон мусоидат менамояд.