ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Вохурии намояндаи Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” бо кормандони ҶДММ “Чархи Иқбол”

2024-06-11 10:18:43

10 июни соли 2024 вохӯрии сардори Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”  Акрамӣ Саидусмон  бо  кормандони ҶДММ “Чархи Иқбол” баргузор гардид. Дар меҳвари мулоқот шарҳу тавзеҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи соли 2024, АП-484 ва Нақша - чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд маълумот дода шуд. Ҳамчунин зимни вохурӣ аз иштирокдорон хусусан ронандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар иҷрои шарту талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ аз садамаҳои роҳу нақлиётӣ ва ба ин тартиб дар ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои тоза нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт ва шафати роҳҳо масъулиятро дучанд намоянд. Дар идомаи суҳбат бо кормандони ҶДММ “Чархи Иқбол” роҷеъ ба моҳияти эълон гардидани соли 2024, “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, суханронӣ ва мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, инчунин риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таъкид шуда, қайд гардид, ки ҳар яки моро зарур аст, баҳри пешрафту ободии Ватан, таъмини амнияту суботи ҷомеа ва  пос доштани Истиқлоли давлатӣ талош варзем.