ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Гузаронидани корҳои профилактикию санҷишӣ дар хатсайри №57

2024-06-13 08:38:29

Бо вуҷуди бурдани корҳои маърифатӣ ҷиҳати иҷрои шарту талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни ронандагони ширкат ва ҷамъиятҳои нақлиёти мусофирбар, ҳамоно ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки бархе  ронандагон уҳдадориҳои оиномавии худро дар самти интиқол додани мусофирон сарфи назар менамоянд. 12 июн дар пайи муроҷиати сокинон оид ба мушкилиҳои ҷойдошта дар хатсайри микроавтобусии №57-ум, гурўҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ», «Душанбенақлиётхадамотрасон», Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Бозрасии давлатии автомобилӣ таъсис дода шуда, дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови шаҳри Душанбе аз рўи фаъолияти хатсайри №57 санҷиш гузаронида шуд. Аз ҷониби гурўҳи корӣ нисбат ба ронандагоне, ки шарту талаботи мусофирбарӣ ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудаанд протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.