Афзалияти гузариш ба истифодабарии роҳхати электронӣ
2024-06-21 06:34:05
20-уми
июни соли ҷорӣ дар Раёсати Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ
ва хизматрасонии
логистикӣ” дар шаҳри Бохтар семинари
омӯзишӣ
оид ба истифодабарии роҳхати электронӣ
ва назорати
риояи дигар санадҳои
меъёрии ҳуқуқии соҳа барои ронандагони ҷамъият
ва ширкатҳои нақлиёти автомобилӣ баргузор гардид. Дар семинар муовини аввали директори муассиса Ҷаҳонгир Пиров ба шакли рӯнамо оид ба масъалаҳои соҳа ва афзалияти гузариш ба роҳатхои электронӣ маъруза намуд. Инчунин, дар ин вохурӣ рочеъ ба қарорҳои Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дар бораи Консепсияи
ташаккули
ҳукумати
электронӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
аз 30.12.2011с., №643, “Дар бораи Консепсияи
иқтисоди рақамӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
аз 30.12.2019 с., №642 ва супоришҳои Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба рақамикунонӣ маълумот дода шуд.