ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Нақши қонун дар баланд бардоштани сатҳу сифати рузгори мардум.

2024-06-26 10:19:30

20-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонун, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» имзо гузоштанд. Дар робита ба шарҳу тавзеҳи қонунҳои мазкур дар Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа барузор гардид. Дар ҷаласа сардори Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии муассиса Зафар Холмаҳмадзода баромад намуда, ба иштирокдорон мазмуну муҳтавои  қонунҳои  қабулгардидаро  шарҳ дод. Инчунин ба таваҷҷуҳи иштирокдорон расонида шуд, ки Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳрири нав қабул гардида, бо мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту таассуб, ба баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона шудаанд.