ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Вохурӣ бо кормандони ҶДММ “Сабоҳ таксӣ”

2024-06-26 10:45:04

26 –уми июни соли 2024-ум вохӯрии намояндагони Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони ҶДММ “Сабоҳ таксӣ” баргузор гардид. Дар мулоқот шарҳу тавзеҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи соли 2024, АП-484 ва Нақша - чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд маълумот дода шуд. Ҳамчунин зимни вохурӣ аз иштирокдорон хусусан ронандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар иҷрои шарту талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ аз садамаҳои роҳу нақлиётӣ ва ба ин тартиб дар ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои тоза нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт ва шафати роҳҳо масъулиятро дучанд намоянд. Дар идомаи суҳбат бо кормандони ҶДММ “Сабоҳ таксӣ”  роҷеъ ба моҳияти эълон гардидани соли 2024, “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, суханронӣ ва мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, инчунин оид ба мазмуну муҳтавои  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»  маълумот дода шуд.