ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ТАҒЙИРОТ ДАР ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПУЛАКӢ

2024-07-31 11:41:18

Аз 1-уми августи соли 2024-ум нархномаи хизматрасониҳои пулакии Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”, ки аз 10-уми майи соли 2022, №100 мавриди амал қарор дошт бе эътибор дониста шуда, дар асоси фармоиши вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2024, №126 “Дар бораи тасдиқ намудани Нархномаи хизматрасониҳои пулакии Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ” нархномаи нав мавриди амал қарор мегирад. Қобили қайд аст, ки нархномаи мазкур бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуда, барои хизматрасониҳо чунин нарх мукарар шудааст.
Нархномаи хизматрасонии пулакии Муассисаи давлатии«Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Номгӯи хизматрасониҳо Воҳиди ченак Нарх (сомонӣ)
1. Муайян намудани меъёри сарфи сӯзишвории як воситаи нақлиёти автомобилӣ (то 5 сол 1маротиба) барои як намуд тамға 800,00
2. Як соати дарсии курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисос барои як нафар 15,0
3.  Роҳхати электронӣ (е-роҳхат) барои як адад 2,04
4.  Варақаи роҳхати шакли қоғазӣ барои як адад 2,81
5.  Борхати электронӣ (е-борхат) барои як адад 0,65
6.  Варақаи борхати шакли қоғазӣ (замимаи 1) барои як адад 1,32
7.  Иштироки як довталаб дар озмун (тендер)-и хатсайрҳои мусофирбарӣ барои як лот 225,0
8.  Вобаста намудани хатсайри мусофирбарӣ ба интиқолдихандагон барои як хатсайр 260
9.  Вобаста намудани хатсайрҳои мусофирбарӣ ба интиқолдиҳандагон баъди гузаронидани озмун (бо муҳлати 3 сол)  барои як хатсайр 660,0
10. Борхати молию нақлиётии байналмилалии CMR (шакли қоғазӣ)   барои як баста 50
11. Борхати молию нақлиётии байналмилалии электронӣ (е – CMR) барои як баста 25
12. Истеҳсол, омодасозӣ ва ба ронандагон, таъмиргарон, назоратчиён ва ташкилотҳои нақлиётии ҳамлу нақли байналмилалии бору мусофир расонидани корти тахографи рақамӣ (бо муҳлати 3 сол) барои як намуди корт 1500,00
13. Истеҳсол, омодасозӣ ва ба ронандагон, таъмиргарон, назоратчиён ва ташкилотҳои нақлиётии ҳамлу нақли байналмилалии бору мусофир расонидани корти тахографи рақамӣ (бо муҳлати 5 сол) барои як намуди корт 2300,0
14. Хизматрасонӣ оид ба таҳия ва омода намудани ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳисоботҳои оморӣ ва ғайраҳо барои Терминалҳо, Истгоҳҳо, Нуқтаҳои таъмири техникӣ барои як ташкилот 200,0
15. Хизматрасонӣ барои аз аккредитатсия гузаронидани ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар сохторҳои марбут ба соҳаи нақлиёти автомобилӣ барои як ташкилот 650,00
16. Хизматрасонӣ оид ба аз аттестатсия гузаронидани кормандони ташкилотҳои дорои нақлиёти автомобилӣ барои як корхона 650,00
17. Хизматрасонӣ тибқи шартнома барои (дарсад (%) аз даромад):
 - терминалҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ;
барои як терминал 1,00
 - марказҳои хизматрасонии техникии автомобилҳо (МХТА);барои як 
МХТА 0,50
 - истгоҳҳои наклиётӣ, барои як истгох  0,50  
18.  Таҳияи маълумотнома оид ба нархи роҳкиро барои шахсони ҳуқуқӣ барои як корхона 100,00
19.  Таҳияи маълумотнома оид ба нархи роҳкиро дар наклиёти мусофирбарӣ барои шахсони воқеӣ барои як маълумотнома 8,0 20.  Таҳияи маълумотнома оид ба нархи роҳкиро, ҳангоми кашонидани бор бо нақлиёти автомобилӣ барои шахсони воқеӣ барои як маълумотнома 35,0
21. Хизматрасонии экспедитсионии муассисахо (корхона, ширкатҳо)-е, ки дар доираи Шартиомаҳои тарафайн бо МД «Наклиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ва раёсатҳои он дар минтақаҳо, ҳамкориҳоро амалӣ месозанд (дарсад аз даромади интиқолдиҳанда вобаста ба кори иҷрошуда)
Таъмин ва ташкил намудани бор бо нақлиёти автомобилӣ 10,0
Таъмин намудани борҳои ҳамсафар дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ 20,0 -ҳамроҳӣ кардани бор 10,0 -ташкили боркунӣ ва борфарорӣ бо механизмҳо 10,0 -ташкили боркунӣ ва борфарории дастӣ 15,0
22.Таъмин намудани интиқолдиҳандагон бо аломати фарққунандаи худчасп сомонӣ/баста 50,0
23.Ташкили курсҳои кутоҳмуддати 20 соатаи омӯзиши қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва муоширати одоб бо мусофирон сомонӣ/ронанда 38,27
24. Дафтарҳои кории танзимгар, механики назоратӣ ва духтур   1 адад 40,35
25. Таъмини варақаи борхати шакли замимаи 2 ва барасмиятдарории бор   1 баста 8,7
26. Аксбардории андозаи 3,5 х 4,5 (ранга) 1 адад 4,0
27. Нусхабардории хуҷҷатҳо, беранг (сканер) 1 адад 1,0
28. Нусхабардории хуҷҷатҳо (сканер), ранга 1 адад 3,0
29. Чопи хуҷҷатҳо, беранг (А4, АЗ, А5) 1 адад 1,0 (А4) 2,0 (АЗ) 1,0 (А5)
30. Чопи хуҷҷатҳо, ранга (А4, АЗ, А5) 1 адад 3,0 (А4) 5,0 (АЗ) 2,0 (А5)
31.  Хуруфчинии компютерӣ (шрифт 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 мм)    1 саҳифа 7,0
   

Эзох: ҳаққи хизматрасони барои воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар аз корхонаю ташкилоти нақлиётӣ гирифта намешавад.