ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕА

2024-08-09 11:47:34

Таҳлили вазъи ҷаҳони имрӯза нишон медиҳад, ки мутаасифона, барои амалинамоии барномаи сиёсии созмону ҳаракатҳои ифротгаро баъзе аз мубалиғони манфиатҷў амал намуда, дар пайи бар ҳам задани осудагии  ҷамеъаи имрўза ҳастанд. Таҷрибаи аз сар гузаронидани бархе давлатҳо тайи солаҳои охир нишон медиҳад, ки гурӯҳе аз манфиатхоҳони ғаразпеша бо василаҳои гуногун хоҳони бесуботии кишварҳои дар ҳоли рушд буда, барои расидан ба мақсади нопоки хеш ҷавонони ноогаҳ ва дигар қишри осебпазири ин кишварҳоро зери ҳадафи худ қарор медиҳанд. Ҳадафи нопоки ин тоифа дар замони имрӯза аз ҷумлаи умдарин мушкилот ва проблемаҳои умумиҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи на танҳо як давлат ва ё минтақаи алоҳида, балки кулли ҷомеаи башариро тақозо дорад. Ин афроди носипосу хоин ҳеҷ гоҳ дар андешаи суботу осудагии одамон ва зиндагии босаодати мардум нестанд. Таҳлилгарони умури сиёсӣ пайваста таъкид мекунанд, ки ҷонибдорони гуруҳҳои ифротгарову терористӣ пойбӯси хоҷагони хориҷиашон буда, ба ин васила манфиатҳои миллӣ ва башариро сарфи назар менамоянд. Чуноне, ки тариқи ВАО шоҳид мешавем, чунин фитнаангезиҳо аз ҷониби гурӯҳҳои мансуб ба ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ амали гардида, барои чунин ашхос Ватан, Модар, ҳақиқат, адлу инсоф ва дигар арзишҳои пурқимати инсонӣ аҳамияте надоранд. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Террорист давлат ва миллат надорад”. Онҳо манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафс кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд. Аз ин хотир, ҳамагон бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.