ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ —ТАҚОЗОИ ЗАМОН

2024-09-23 05:12:48

Шароити имрӯза аз мутахассиси ҷавон на танҳо дониши касбӣ, балки донистани забонҳои хориҷӣ ва истифодаи технологияи муосири иттилоотиро тақозо менамояд. Бо дарки амиқи масъалаи мазкур кормандони Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” давра ба давра ба марказ ва муассисаҳои забономўзӣ ҷалб карда мешаванд. Муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Ҷаҳонгир Пиров бо мақсади баланд бардоштани малакаи забондонӣ ва касбӣ дар курси ITEC таҳти унвони “Пешравӣ бо дараҷаи тахассусӣ - 3 (забони англисӣ)” дар Донишгоҳи англисӣ ва забонҳои хориҷии шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон иштирок карда истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки дар курси мазкур намояндагони беш 20 давлати ҷаҳон ба забономўзӣ фаро гирифта шудаанд.