Тоҷикӣ
Русский
English
Авторизоваться
Зарегистрироваться
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст
Menu
Асосӣ
Муассиса
Таърих ва маълумот оиди муассиса
Сохтори муассиса
Роҳбарияти муассиса
Директор
Муовини аввал
Муовин
Муқовимат бо коррупсия
Муроҷиат ба муассиса
Раёсатҳо ва шӯъбаҳо
Маҷаллаи "Роҳ ва нақлиёт"
Шуъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор
Шуъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ,лоиҳаҳо ва равобити байналмилалӣ
Шуъбаи иттилоот ва коргузорӣ
Раёсати муҳосибот ва дурнамои иқтисодӣ
Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар вилояти Суғд
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Кӯлоб
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Бохтар
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар ш. Душанбе ва НТМ
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Рашт
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи ВМКБ
ХАБАРҲО
Санадҳо
Кодекси нақлиёти автомобилии ҶТ
Қоидаи гузаронидани (тендер) хатсайрҳо
Қоидаи истифодаи роҳхат ва борхатҳо
Дастурамали истифодабарии борхатҳо
Хизматрасониҳо
Нархномаи муассиса
Замимаи мобилӣ
Тендерҳо (оид ба вобастакунии хатсайрҳо)
Эълони тендерҳо
Қоидаи гузаронидани тендер
Корти рақамии тахограф
Корхонаҳо
Ширкатҳои боркашони дохили Тоҷикистон
Ширкатҳои боркашони байналмилалӣ
ШИРКАТҲОИ ЛОГИСТИКӢ ВА ЭКСПЕДИТСИОНӢ
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
Лоиҳаҳо
БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТИИ СОҲАВӢ
МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
ЛОИҲАҲО
Робитаҳои байналмилалӣ
Фаъолияти илмӣ
Тадқиқотҳои илмӣ
ОЗМУНҲО
ЧОРАБИНИҲО
МАҶАЛЛАИ “РОҲ ВА НАҚЛИЁТ”
Маълумоти умумӣ оиди маҷалла
Санадҳои вобаста ба маҷалла
Тартиби пешниҳоди мавод
Тамос
Previous
Next
ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ ҶАҲОНӢ ОИД БА НАҚЛИЁТИ УСТУВОР
2024-09-30 10:23:06
|
Диданд: 426
Рўзҳои 25-26 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин Форуми глобалӣ оид ба нақлиёти устувор баргузор гардид. Ин форумро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Маркази ҷаҳонии инноватсия ва дониш дар соҳаи нақлиёти устувор роҳандозӣ намуданд. Дар доираи форум намояндагон аз 26 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд, ки ҷониби Тоҷикистонро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Саломзода Раҳмиддин Салом намояндагӣ намуданд. Иширокдорони форум, атрофи мавзӯҳои зерин аз ҷ
умла :
- пайвастшавӣ,
- рушди умумӣ,
- рушди инноватсионӣ,
- рушди устувор ва идоракунии ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд. Азим Иброҳим дар оғози вохӯрӣ бо ҳамтои чинии худ барои қабули даъват ҷиҳати вохӯрии дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, ҳалли масъалаҳои зеринро ба миён гузошт:
1. Дархости мусоидати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ташкили корхонаҳои хизматрасонӣ ва таъмири техникии нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Имзои лоиҳаи Протокол “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи нуқтаҳои гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин ва реҷаи кори онҳо;
3. Дархости гирифтани 4000 адад варақаи иловагии рухсатномаҳои (равобитӣ) нақлиётӣ
миёни ду давлат дар соли 2024;
4. Мусоидат ба рушди минбаъдаи долони нақлиётии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон (боз идомаи он ба воситаи Ӯзбекистон ба Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо) ва вобаста ба ин ба имзо расонидани ёддошти тафоҳум миёни се давлат;
5. Ба имзо расонидани Созишнома миёни Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои нақлиётӣ дар таҳрири нав.
Дар иртибот ба масъалаҳои матраҳгардида Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин зикр намуд, ки ҷой доштани талабот ба рухсатномаҳои иловагӣ далели рушди равобити тиҷоратӣ ва ба ин васила нақлиётии ду кишвар мебошад ва онҳо барои амалӣ ва ҳалли масъалаҳои пешниҳодгардида дар доираи ҳамкориҳо амал хоҳанд кард.
Дар як ҳамоиши форум, таҳти шиори «Нақлиёти устувор: логистика - пайвандгари ҷаҳон» таваҷҷуҳи иштирокдорон ба таҳкими ҳамкориҳои глобалӣ ва мусоидат ба рушди системаи бехатар, қулай, самаранок, экологӣ, иқтисодӣ, фарогир ва устувори нақлиёт равона карда шуд. Азим Иброҳим Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ
зикр намуд, ки нақлиёт ва логистика дар рушди иқтисодиёти кишварҳо нақши калидӣ дошта, ҳамкории боэътимод ва муассирро дар саросари ҷаҳон таъмин менамоянд. Дар идома мавсуф иброз дошт, ки «Нақлиёти устувор як қисми муҳими рушди устувор буда, бинобар ин, дар рӯзномаи Рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувори он нақши муҳими ёрирасони нақлиёт дар роҳи расидан ба рушди устувори ҷаҳонӣ пурра инъикос шудааст».
Ба таъкиди Азим Ибро
ҳим ҳоло масъалаи таҳияи сиёсати устувори нақлиётӣ дар миқёси ҷаҳон нақши фаъоли вазирони нақлиётро талаб мекунад. Дар доираи Форуми Ҷаҳонии Нақлиёти Устувор – 2024, Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазирони нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Роҳбари минтақавии Ширкати истеҳсоли автобусҳои “UTONG”, Роҳбари Ташкилоти “Форуми Байналмилалии Нақлиетӣ” (ITF), Директори Департаменти нақлиёти Барномаи Иҷтимоӣ ва Иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО ООН) ва бо намояндагони ширкати China Electric Construction Municipal Construction Group мулоқот анҷ
ом дод.
Дар вохӯриҳо асосан масъалаҳои мубрами соҳаи нақлиёт, тақвият бахшидани ҳамкории ҷонибҳо ва рушди соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЛОГИСТИКИ
Меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо
Ширкатҳои нақлиётӣ
Ширкатҳои сайёҳӣ
Хаятт Ридженси Душанбе
Отель Таджикистан
Отель Роҳат
Гостиница Шератон Отель Фируз
Отель Фируз
Худжанд Делюкс
Отель Парламент
Отель Sakho-Kulob
Отель Вип Худжанд
Хаятт Отель Серена
Отель Заря
Asian Express
Рахш такси
Сомон такси
Такси Олуча
Сабоҳ такси
Модер Такси
Таджик Сафари Тур
Сарез Тревел
Памир Сентрал Азия
Горные приключения и путешествия по Таджикистану Ориент Адвентур
Ориент Адвентур
Альпинистско Туристическая база Артуч
Зурмич
Памир пикс
Ассоциация развития туризма Зерафшана
ООО «Джавохир»
Боми Ҷаҳон тур
Таджикистан Тревел
MARCO POLO
Ором Тревел
Олами Саёхат
Follow Tajikistan
Вип Тревел