ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Баланд бардоштани малакаи забондонӣ ва касбии кормандони Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”

2024-10-02 10:31:11

Кормандони Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” бо мақсади баланд бардоштани малакаи забондонӣ ва касбӣ дар курси ITEC, таҳти унвони “Пешравӣ бо дараҷаи тахассусӣ - 3 (забони англисӣ)” дар Донишгоҳи англисӣ ва забонҳои хориҷии шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон иштирок намуданд. Қобили қайд аст, ки  раванди омӯзиш дар доираи Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC) ба роҳ монда шуда, дар он намояндагон аз 30 давлати ҷаҳон аз ҷумла қитъаи Осиё, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ иштирок намуданд. Даври омӯзишӣ 4 ҳафтаро дар бар гирифта, методикаи он фарогири рушди маҳорати донандаи забони англисӣ, инкишофи малакаи грамматикӣ ва ба ғанӣ гардонидани захираи луғавии шунавандагони курс равона шуда буд. Дар фарҷом иштирокчиён барои бо муваффақият анҷомидани курси забономӯзӣ соҳиби Сертификати Донишгоҳи англисӣ ва забонҳои хориҷии шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон гардиданд.