Таъмини ҳашарчиён бо воситаи нақлиёт
2024-10-07 13:06:59
Дар Тоҷикистон маъракаи пахтачинӣ бо маром идома дорад ва деҳқонони ноҳияҳои аграрии кишвар кўшиш мекунанд, ки ҳарчи тезтар бо истифода аз боду ҳавои мусоид «тиллои сафед» - ро ҷамъовари намоянд. Барои сари вақт ва
бехавф ба макони пахтачинӣ бурдани ҳашарчиён воситаи нақлиёт нақши асосиро
мебозад. Бинобар ин, Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд ҳашарчиёни пахтаро барои саривақт расидан ба
хоҷагиҳои пахтакорӣ бо микроавтобусҳои тамғаи “Мерседес - Спринтер” таъмин намуд. Қобили қайд аст, ки 29-ум августи соли 2024 қарори
Раиси вилояти Суғд таҳти №237 “Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2024”, ба тавсиб расида, ҳар ҳафта аз назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳашарчиён ба маъракаи пахтачинӣ сафарбар карда мешаванд.