ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Дар Вазорати нақлиёт ба ифтихори Рӯзи Президент маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид

2024-11-15 10:36:43

15.11.2024. Имрӯз дар Вазорати нақлиёт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва идораю муассисаҳои тобеи Вазорат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни умумимиллӣ табрику таҳният гуфт. 
Маҷлис бо хондани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз пазируфт.Тазаккур дода шуд, ки 16-уми ноябр, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Маҳз дар ҳамин рӯз, 16 ноябри соли 1994 фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд. 
«Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваъда доданд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меоранд, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонанд ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунанд, - зикр намуд Вазири нақлиёт. - Ва ба ваъдаашон вафо карданд. Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ҷони худро ба гарав монда, ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намоянд».
Азим Иброҳим аз дастоварду комёбиҳои  Пешвои миллат аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақлиёт ба таври мухтасар ёдовар шуда, гуфт: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корномаҳое нишон доданд, ки Тоҷикистонро ба таври назарррас дигаргун намуда, мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд».
Ба гуфтаи Вазири нақлиёт, имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи эътибори бесобиқа шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон  ба дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ ворид гаштааст. Суботу оромӣ ва рушди бемайлони кишвар ба даст омад, сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон ҳоло аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ табдил ёфтааст.«Барои ҳамин мардуми кишварамон соли ҳаштум аст, ки бо як ҷаҳон ифтихору сарфарозӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд», - иброз намуд Вазири нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон.
Дар маҷлиси тантанавӣ инчунин фаъолони соҳа оид ба моҳият ва аҳамияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар карданд.
Маҷлиси ботантана  бо хондани Суруди миллӣ  аз тарафи иштирокчиён анҷом пазируфт.
                                                                                                                                                 Бознашр аз сомонаи www.mintrans.tj