ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-11-22 09:43:45 | Диданд: 381

22.11.2024.  Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва идораю муассисаҳои тобеи вазорат баргузор гардид. Муовини аввали вазири нақлиёти кишвар Бобозода Раҳим нахуст иштирокдоронро ба ин рўз табрик намуда, дар идома оид ба нақши Парчами давлатӣ дар худшиносию худогоҳии миллӣ  маъруза намуд. Қобили қайд аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътаб­ар буда, таҷлили Рўзи Парчам дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ боиси ифтих­ор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарас­ти Тоҷикистон аст.