ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Риояи Қонун ба манфиати ҷомеа

2025-02-21 13:01:07 | Диданд: 818

20 - уми феврали соли ҷорӣ вохӯрии намояндагони масъули Дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» бо кормандони Раёсати ин муассиса дар минтақаи Кўлоб баргузор гардид. Дар мулоқот сардори Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии муассиса Зафар Холмаҳмадзода баромад намуда, мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» - ро ба иштирокдорон шарҳ дод. Мавсуф таъкид намуд, ки қонунҳои зикргардида, бо мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту таассуб ва ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона шудаанд.