ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ"

КОРРУПСИЯ – ДОҒИ ҶОМЕА

2025-03-27 11:36:33 | Диданд: 482

Баҳри пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия дар раёсати Муассисаи давлатии нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар минтақаи Бохтар маҷлис баргузор гардид. Дар ҷаласа сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, майори адлия Давлатзод Собирҷон Ғаффор баромад намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони маҷлис маълумот дод.