8-уми май Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётии (ММДН) назди Вазорати нақлиёти ҶТ курсҳои омӯзиширо барои омода кардани мутахассисоне, ки дар шароити муосир дар ин самт бо муваффақият кор карда метавонанд, муаррифӣ кард. Дар маросими муаррифии курсҳо намояндагони вазоратҳои нақлиёт, корҳои хориҷӣ, адлия ва ММДН иштирок карданд. Муовини аввали Вазири нақлиёти ҶТ Фаррух Неъматзода зимни ифтитоҳ аҳамияти Марказро, ки пеш аз ҳама бо мақсади тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос ва коршиносони сатҳи байналмилалӣ барои пешбурд ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ, ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни кишварҳои минтақа, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъсис дода шудааст, зикр намуд. Сардори Шӯъбаи ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадии Вазорати корҳои хориҷӣ Аслиддин Ғафурзода ва сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ Алишер Неъматзода дар бораи хусусияту ҷанбаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ бо давлатҳо ва ширкатҳои хориҷӣ дар асоси қонунгузории тарафҳо, аз ҷумла Қонун «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, ба саволҳои ширкаткунандагон посухҳои мушаххас доданд. Дар фароварди ҳамоиш Директори Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ Фарида Ёқубзода ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт барои дастгирӣ ва ба дигар вазорату идораҳо барои ҳамдастӣ изҳори миннатдорӣ намуда, тазаккур дод, ки Марказ ният дорад бо Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ ва дигар шарикони минтақавӣ ва хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ монад ва дар ҷалби коршиносони ботаҷрибаи сатҳи баланд ҳамчун мушовирон ва ҳамоҳангсозон барои татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт саҳм гузорад. Ёдовар мешавем, ки қаблан дар бораи зарурати ба роҳ мондани дипломатияи нақлиётӣ аз минбари форуму ҳамоишҳои байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда буданд.«Дар ҷараёни савдо ва бартараф кардани монеаҳо дар роҳи ҳаракати озоди молҳо талабот ба хизматрасониҳои нақлиётӣ дар самти суръат, эътимоднокӣ ва сифати нақлиёт низ баланд мешавад. Бо ин мақсад, мо ислоҳоти ҷиддии институтсионалӣ мегузаронем», - гуфтанд Сарвари давлат дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё 25 майи соли 2023. Пешвои миллат ба мушкилоте, ки ҳалли онҳо иштироки якҷояи кишварҳоро талаб мекунанд, таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. «Ин, пеш аз ҳама, иқтидори маҳдуди гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни кишварҳо мебошад. Инчунин зарурати алоқаҳои нави автомобилӣ ва роҳи оҳан барои ҳамлу нақл дар шароити номувозинати ҳаҷми гардиши бор эҳсос мешавад», - шарҳ доданд Президенти ҶТ.Зимни ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи июли соли 2024 дар Остона баргузор шуд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарикону нозирон пешниҳод карданд, ки ба созишнома дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалӣ ҳамроҳ шаванд. Созишномаи мазкур, ки аз соли 2004 таҳия шуда буд, дар бартараф сохтани монеаҳо дар интиқоли бор нақши калидӣ бозид. Ин санад, ки моҳи сентябри соли 2014 дар саммити СҲШ дар Душанбе қабул шуда буд, қоидаҳо ва расмиётро хеле содда гардонид.Пешвои миллат ҳамчунин зикр карданд, ки Тоҷикистон дар лоиҳаҳои навсозии инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои нав, хатҳои роҳи оҳан ва марказҳои логистикӣ, инчунин соддагардонии расмиёти гумрукӣ фаъолона иштирок мекунад. Ин тадбирҳо ба эҷоди низоми муассир ва рақобатпазири нақлиётӣ нигаронида шудаанд, ки барои Тоҷикистон дар харитаи боркашонии байналмилалӣ ҷойгоҳи муҳимро таъмин намуда, ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамояд.
12 июли соли 2023 дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори ЭКОСОС СММ дар сиғаи конфронси онлайнӣ дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши мувозӣ бахшида ба таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ (ММДН )дар шаҳри Душанбе бо мақсади ба вуҷуд овардани шарикии устувори глобалӣ баргузор гардид.
Ташаббуси Тоҷикистонро оид ба таъсиси ММДН, ки аз ҷониби иштирокчиёни Форум дастгирӣ карда шуд, Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим муаррифӣ намуд.29 октябри соли 2024 дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ расман мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи Марказ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ширкат варзиданд.
Бознашр аз сомонаи
www.mintrans.tj