ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Чин дар Остона бо ҳам мулоқот карданд

2025-05-16 10:59:21 | Диданд: 155

Дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Вэй баргузор гардид. Ҷонибҳо доираи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиётро ба шумули дурнамои тавсеаи инфрасохтори нақлиёт баррасӣ карданд. Аз ҷумла, масъалаи рушди минбаъдаи долони нақлиётии мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия –Аврупо»,  ки истифодаи онро ҷониби Тоҷикистон аз ҷиҳати коҳиши масофа ва хароҷоти боркашонӣ нисбат ба долонҳои мавҷуда самаранок мешуморад ва он  ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гадид, ки долони мазкур як қисми лоиҳаи «Як камарбанд – як роҳ» мебошад.
Илова бар ин, вазирони нақлиёти ду кишвар перомуни лоиҳаҳои таҷдиди гузаргоҳи назоратии «Қулма-Қаросу», ки  ягона гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистону Чин мебошад, таҷдиди роҳи автомобилгард аз марзи маъмурии ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони  ВМКБ бо дарозии 235 ва Варшез ғ Кулма296  километр, инчунин дар бораи  дар шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе – Қулма», инчунин ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Чин-Қирғизистон-Узбекистон» изҳори назар намуданд.
Вазирони нақлиёти Тоҷикистону Чин инчунин масъалаи дар Душанбе таъсис додани корхонаҳои муштарак оид ба  хизматрасонии техникии мошинҳои барқӣ ва нобудсозӣ (ё коркарди) батареяҳои онҳоро баррасӣ карданд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зарурияти афзоиш додани шумораи  рухсатномаҳои мубодилашаванда барои ҳамлу нақли байналмилалӣ бо мақсади мусоидат ба афзоиши гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин тезонидани расмиёти дохилидавлатиро ҷиҳати имзои лоиҳаҳои Созишномаи байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин «Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ» ва Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи якҷояи лоиҳаи долони нақлиётии «Чин – Тоҷикистон – Афғонистон» таъкид намуд.
Вазири нақлиёти Чин Лю Вэй изҳор дошт, ки  ин пешниҳодотро дастгирӣ мекунад ва ба ҳалли мусбати масъалаҳои муҳокимашуда мусоидат хоҳад кард.
Вазири нақлиёти Чин Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват кард, ки дар Машварати XII вазирони нақлиёти давлатҳои узви СҲШ, ки аз 30 июн то 2 июли соли 2025 таҳти раёсати ҶМЧ дар Пекин доир мегардад, ширкат намояд. Мулоқоти вазирони нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар фазои дӯстӣ ва эътимоди тарафайн баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт яке аз масъалаҳои асосие буд, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва иштироки ӯ дар саммити якуми «Осиёи Марказӣ – Чин» дар моҳи майи соли 2023 баррасӣ гардиданд.
Моҳи сентябри ҳамон сол, Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин дар паёми худ ба иштирокчиёни Форуми ҷаҳонии нақлиёти устувор изҳор дошт, ки Чин ҳамчун кишвари пешрафтаи нақлиётӣ бо суръати баланд рушд мекунад ва барои  ривоҷи ҳамкорӣ бо кишварҳо дар соҳаи нақлиёт кӯшиш хоҳад кард.
                                                                                                                                                                Манбаъ: 
сомонаи mintrans.tj