Дар Душанбе аз 11 то 17 август барои назорати риояи қоидаҳои мусофиркашонӣ рейдҳои санҷишӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхизматрасон» хабар дод.
Гурӯҳи махсуси иборат аз намояндагони идораҳои марбута риояи қоидаҳои интиқоли мусофирон тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, пардохтҳои электронӣ, пӯшидани либоси махсус ва инчунин фаъолияти ғайриқонунии ронандагони таксиро санҷиданд. Тадбирҳои андешидашуда ба беҳтар шудани сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар ва таъмини бехатарии мусофирон мусоидат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 902 хатсайри мусофирбарӣ, аз ҷумла 179 хатсайри шаҳрӣ, 536 хатсайри наздишаҳрӣ, 156 хатсайри байнишаҳрӣ ва 31 хатсайри байналмилалӣ амал мекунанд.
Ба мизоҷон 16 520 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбарӣ ва 41 терминали интиқоли мусофирон хизмат мерасонанд.
Дар нимаи аввали соли 2025 тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёти Тоҷикистон 511,1 миллион нафар мусофирон интиқол дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 % зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар пойтахт риоя накардани қоидаҳои интиқоли мусофирон, аз қабили аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон, таваққуф дар ҷойҳои иҷозат доданашуда, риоя накардани вақт ва масири ҳаракат ва қонунвайронкунӣ аз ҷониби ронандагони таксӣ боиси нигаронии сокинон шудааст.
Чунин як ибораи маъмул вуҷуд дорад: «Мусофир ҳамеша ҳақ аст».
Он барои ишора ба маҳаки асосӣ ҳангоми хизматрасонии мусофирон истифода мешавад.
Аммо мусофир дар он ҳолат ҳақ буда метавонад, ки агар на танҳо эътимоднокӣ ва бароҳатиро интихоб кунад, балки қонун ва қоидаҳои интиқолро риоя намояд.
Мусофирон, чун ронандагон дар баробари ҳуқуқояшон инчунин ӯҳдадориҳо низ доранд, ки дар Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020 таҳти рақами 1689 пешбинӣ шудаанд.
Бознашр аз сомонаи www.mintrans.tj