Ҳамаи тадбирҳои нақшавӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон бояд дар муддати кӯтоҳтарин ба анҷом расонида шаванд. Дар ин бора Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи душанбе, 18 август дар ҷаласаи назоратӣ роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаву корхонаҳои тобеи вазоратро муваззаф сохт.
Зикр гардид, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025 таҳти № 218 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» бо фармоиши Вазорат «Нақшаи чорабиниҳои Вазорат оид ба сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» тасдиқ гардида, ситод ва гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаанд ва масъулини соҳа вазифадор гардидаанд, ки тадбирҳои дар нақша пешбинӣ гардидаро дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд иҷро кунанд.
«Мегӯянд, “Ғами зимистонро дар баҳору тобистон бояд хӯрд” ва ё "Як рӯзи баҳор пур кунад анбор”.
Ин ҳикмати халқ аст, ки маҷмӯи дониш ва таҷрибаи дар тӯли асрҳо ҷамъшударо дар бар мегирад.
Он дар ҳама давру замон муҳим буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла соҳаи роҳу нақлиёт пурра дахл дорад, – гуфт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илова намуд:
– Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша, аллакай аз баҳор сар карда, ба мо хотиррасон мекунанд, ки ба мавсими тирамоҳу зимистон пешакӣ бояд омодагӣ гирем».
Дар ин замина, Вазир боз як ҳикмати халқиро ёдовар шуд. Дар бораи он, ки тобистони гарм зимистони сардро дар пай дорад.
Тавре медонем, имсол дар Тоҷикистон, мисли дигар кишварҳои минтақа, гармии ғайримуқаррарӣ ба мушоҳида мерасад – дар ноҳияҳои ҷанубӣ ҳарорат то ба 46 дараҷа баланд шуд.
Тибқи маълумоти сомонаи Wisemeteo, зимистони солҳои 2025-2026 дар Тоҷикистон устувору сард бо нигоҳ доштани боришот пешбинӣ шудааст.
Дар робита ба ин, Вазири нақлиёт дар назди муассисаҳо ва корхонаҳои соҳа, ки теъдодашон дар мамлакат қариб 300 адад аст, ба таври мушаххас вазифа гузошт, ки дар муддати кӯтоҳтарин тамоми тадбирҳои нақшавии омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонро ба анҷом расонанд.
Ба Гурӯҳи корӣ супорида шуд, ки омодагии роҳҳо ва хадамоти нигоҳдории роҳҳоро дар пешорӯи айёми сардиҳо, бо дарназардошти ба итмом расонидани таъмири ҷории мошину механизмҳои нигоҳдории роҳҳо, хариди либосҳои корӣ барои кормандони ин муассисаҳо, чархҳои мавсимӣ, аккумуляторҳо ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ, тайёр кардани ҳуҷраҳои корӣ ва истироҳатии кормандон, захираи маводи сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва маводи зиддилағзиш бисанҷад.
«Аз омодагии соҳаи роҳу нақлиёт ба мавсими тирамоҳу зимистон устуворӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳ, кори мураттаб ва бефосилаи дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва зиндагии бароҳати (ё сифати зиндагии) аҳли ҷомеа дар ин давра вобаста аст.
Яъне масъулияти бузурге бар дӯши мову шумо вогузор шудааст ва мо бояд бошарафона ва бо сари баланд аз ӯҳдаи он бароем» - гуфт Вазир дар муроҷиат ба масъулин.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 март, 30 июн ва 31 июли соли 2025 дар ҷаласаҳои Ҳукумати мамлакат ба роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати омодагии ҷиддӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дастуру тавсияҳои муфид доданд. Сарвари давлат супориш доданд, ки дар ин самт нақшаи тадбирҳо таҳия ва тасдиқ ва аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳо барои фаъолияти мунтазам Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.
Вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки дар бораи рафти иҷрои нақшаи тадбирҳо дар мӯҳлатҳои муқарраршуда маълумот пешниҳод кунанд.
Бознашр аз сомонаи
www.mintrans.tj