Қатораи мусофирбарии байналмилалии “Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб” аз вокзали шаҳри Кӯлоб ба самти Федератсияи Россия 16 августи соли 2022 соати 00:10 ба роҳ баромад, ки аз 13 вагон иборат буда, зиёда аз 600 мусофир дошт. Қатораи мусофирбарии мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе аз шаҳри Кӯлоб ба самти Федератсияи Россия ҳаракат мекунад.