ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Вохўрии судманд ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зидди коррупсионӣ

2025-08-23 07:04:20 | Диданд: 163

22 августи соли 2025-ум дар Раёсати Муассисаи давлатии нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони раёсати муассиса дар ин минтақа баргузор гардид. Дар ҷаласа Сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Майори адлия Назарзода Самандар Сайфиддин баромад намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, дар маҷмуъ, ҷиҳати паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони маҷлис маълумот дод. 
Қобили қайд аст, ки чорабинии болозикр дар руҳияи зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён таъсири хубе хоҳад расонид.