ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Тоҷикистон мизбони конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба ҷорӣ намудани "Технологияҳои инноватсионӣ дар самти роҳсозӣ"

2025-08-29 12:14:48 | Диданд: 157

29 августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар сохтмони роҳҳои автомобилгард баргузор гардид. 
Конференсия дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 доир гардида, намояндагони Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ низ дар кори он ширкат варзиданд.
Дар кори конференсия Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин иштирок намуда, роҷеъ ба аҳамияти ворид намудани технологияҳои муосир дар соҳаи роҳсозӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар сухан гуфтанд. Ҳамзамон, дар конференсия кормандони Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» низ ширкат варзиданд.
Иштирокчиён масъалаҳои ҷорӣ намудани дастовардҳои нави илм, технология, мавод, мошинҳо, механизмҳо, таҷҳизот ва лабораторияҳои иктишофӣ, инчунин таҷрибаи муосири лоиҳакашӣ, сохтмон, истифода ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро дар шароити иқлими кӯҳӣ, гарм ва шаҳрии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Барои муаррифӣ ва татбиқи навовариҳо дар соҳаи лоиҳакашӣ, сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо олимони соҳа аз институтҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои ИДМ даъват шуда, бо дастовардҳои худ иштирокчиёни конференсияро ба таври аёнӣ ошно карданд.
Қайд гардид, ки илм дар тараққиёти иқтисодиёт ва ҷомеа нақши калидӣ дошта, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.