ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ба ҳам пайвастани долонҳои нақлиётӣ – калиди муваффақиятҳои муштарак .Рушди иртиботи нақлиётӣ аз авлавиятҳои ҳамкории кишварҳои узви СҲШ боқӣ мемонад

2025-09-04 06:36:07 | Диданд: 71

Иртиботи ҳамлу нақли байнидавлатӣ яке аз самтҳои асосии ҳамкории кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай боқӣ мемонад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки рӯзи 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, изҳори назар карданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад. Саммити 20-уми СҲШ, ки ба гуфтаи рӯзномаи расмии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин «Жэнмин жибао», бузургтарин ҳамоиши таърихи ин Созмон ба шумор меравад, бо иштироки сарони беш аз 20 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш Эъломияи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ ва 20 санади муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба таъсиси Маркази зидди маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе, ба имзо расиданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ зарурати рушди минбаъдаи шабакаҳои нақлиётӣ, рақамикунонӣ ва инноватсияҳоро таъкид намуда, афзуданд: «Мо рушди ҳамкориҳоро дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла нақлиёт ва транзит, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инноватсия ва рақамисозӣ муҳим мешуморем».
Дар Эъломияи Тянҷин, ки аз ҷониби сарони давлатҳо қабул шуд, аҳамияти рушди ҳамкории нақлиётӣ ва истифодаи иқтидори транзитии кишварҳои узв бо таваҷҷуҳ ба ташкили хатсайрҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла долонҳои «Шимол – Ҷануб» ва «Шарқ – Ғарб» зикр гардидааст.
Ҳамчунин зарурати рақамисозии расмиёти логистикӣ, ташкили мубодилаи электронии маълумот ва татбиқи технологияи инноватсионӣ барои таъмини фаъолияти устувори занҷираҳои таъминот таъкид шуд.
Сарони давлатҳо ба иҷрои санадҳои қаблан қабулшуда, аз ҷумла Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ (Душанбе, 2014), Консепсияи ҳамбастагӣ ва долонҳои нақлиётӣ (Самарқанд, 2022) ва Консепсияи декарбонизатсия ва рақамикунонии нақлиёт (Деҳлӣ, 2023) аҳамияти хоса доданд. Онҳо натиҷаҳои ҷаласаҳои сатҳи вазирон ва роҳбарони сохторҳои нақлиётиро арзёбӣ карда, баргузории Мулоқоти роҳбарони марказҳои логистикии кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Оқтовро моҳи ноябри соли 2025 ҷонибдорӣ намуданд.
Дар рӯзи 1 сентябр Сарвари давлат инчунин дар мулоқоти сиғаи «СҲШ – плюс» таҳти унвони «Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди устувор» иштирок ва суханронӣ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа оид ба тадбирҳои Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки нақлиёт, гидроэнергетика, саноат ва дигар соҳаҳо маълумот доданд.
Дар доираи сафари корӣ Президенти Тоҷикистон бо роҳбарони Чин, Русия, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон мулоқотҳо анҷом дода, ба густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва нақлиётӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Ҳамчунин мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо иштироки бонкро дар татбиқи чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 430 миллион доллар, аз ҷумла сохтмони НБО «Роғун» ва пули калони автомобилӣ дар ноҳияи Нуробод, мусбат арзёбӣ намуданд. Қарор қабул шуд, ки маблағгузории НБО «Роғун» то 500 миллион доллар зиёд карда шавад.
Дар мулоқотҳо зарурати таҳкими ҳамгироии нақлиётӣ, рушди инфрасохтори муосир ва навсозии системаҳои коммуналӣ таъкид гардид.