Тоҷикӣ
Русский
English
Авторизоваться
Зарегистрироваться
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст
Menu
Асосӣ
Муассиса
Таърих ва маълумот оиди муассиса
Сохтори муассиса
Роҳбарияти муассиса
Директор
Муовини аввал
Муовин
Муқовимат бо коррупсия
Муроҷиат ба муассиса
Раёсатҳо ва шӯъбаҳо
Маҷаллаи "Роҳ ва нақлиёт"
Шуъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор
Шуъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ,лоиҳаҳо ва равобити байналмилалӣ
Шуъбаи иттилоот ва коргузорӣ
Раёсати муҳосибот ва дурнамои иқтисодӣ
Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар вилояти Суғд
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Кӯлоб
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Бохтар
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар ш. Душанбе ва НТМ
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Рашт
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи ВМКБ
ХАБАРҲО
Санадҳо
Кодекси нақлиёти автомобилии ҶТ
Қоидаи гузаронидани (тендер) хатсайрҳо
Қоидаи истифодаи роҳхат ва борхатҳо
Дастурамали истифодабарии борхатҳо
Хизматрасониҳо
Нархномаи муассиса
Замимаи мобилӣ
Тендерҳо (оид ба вобастакунии хатсайрҳо)
Эълони тендерҳо
Қоидаи гузаронидани тендер
Корти рақамии тахограф
Корхонаҳо
Ширкатҳои боркашони дохили Тоҷикистон
Ширкатҳои боркашони байналмилалӣ
ШИРКАТҲОИ ЛОГИСТИКӢ ВА ЭКСПЕДИТСИОНӢ
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
Лоиҳаҳо
БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТИИ СОҲАВӢ
МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
ЛОИҲАҲО
Робитаҳои байналмилалӣ
Фаъолияти илмӣ
Тадқиқотҳои илмӣ
ОЗМУНҲО
ЧОРАБИНИҲО
МАҶАЛЛАИ “РОҲ ВА НАҚЛИЁТ”
Маълумоти умумӣ оиди маҷалла
Санадҳои вобаста ба маҷалла
Тартиби пешниҳоди мавод
Тамос
Previous
Next
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «DUSHANBE INVEST 2025». Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ ба нақши муттаҳидкунандаи роҳу пулҳо таъкид карданд
2025-10-16 06:21:40
|
Диданд: 547
Роҳҳо ва пулҳо, бинобар он ки ҳаракати одамон ва молҳо, рушди иқтисодиёт ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин мекунанд, нақши муҳими муттаҳидкунанда доранд, долонҳои нақлиётӣ на танҳо минтақаҳои кишвар, балки давлатҳо ва халқҳои томро ба ҳам мепайвандад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр дар «Кохи ваҳдат»-
и пойтахт, зимни суханронӣ дар
расми
ифтитоҳи Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025», таъкид намуданд.
Сарвари давлат ба иштирокчиёни форум иттилоъ доданд, ки Тоҷикистони муосир кишвари дорои иқтисодиёти босуръат рушдёбанда, муносибатҳои боэътимоди байналмилалӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад. Тайи даҳ соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисоди миллии кишвпри мо дар сатҳи 7,6% таъмин гардид.
«Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, бо таърихи куҳан, фарҳ
анги хос ва мероси ғанӣ мебошад,
– гуфтанд Пешвои миллат
. –
Сарзамини мо дар давоми асрҳо ҳамчун пули байни халқҳо ва тамаддунҳо Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайваст».
Сарвари давлат дар ин иртибот, албатта, аз Роҳи бузурги абрешим, ки беш аз ду ҳазор сол қабл дар Авруосиё арзи вуҷуд карда буд ва тамаддунҳои Аврупо ва Осиёро, ки ба ҳам монанд набуданд, муттаҳид месохт, ёдовар шуданд. Ин роҳ ба бисёр халқҳо имкон дод, ки ҳамсоягони худро беҳтар шиносанд, тиҷоратро ба роҳ монанд, бо таълимоти нави илмию фалсафии якдигар шинос шаванд ва бо кишварҳои дурдаст муносибатҳои дипломатӣ барқарор кунанд.
«Роҳи бузурги абрешим тавассути ҳудуди Тоҷикистони имрӯза гузашта, на танҳо муносибатҳои тиҷоратӣ, балки робитаҳои фарҳангиро низ таҳким бахшида, ба рушди илму ҳунар ва арзишҳои маънавӣ мусоидат кардааст. Имрӯз мо ин рисолати таърихиро идома дода истодаем
»,
– иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.
Садҳо сол пеш Роҳи бузурги абрешим роҳе буд, ки бо он корвонҳо аз Чин тавассути кишварҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ғарбӣ ба Аврупо бор интиқол медоданд ва қисми зиёди роҳ аз қаламравҳои биёбонӣ мегузашт. Дар охири қарни XX кишварҳо тасмим гирифтанд, ки ин Роҳи бузургро эҳё кунанд ва ба сохтмони инфрасохтори муосири нақлиётӣ шурӯъ намуданд. Соли 1993 бо ибтикори Аврупо лоиҳаи ТРАСЕКА (долони нақлиётии Авруосиё, ки «Роҳи бузурги абрешим дар асри XXI» эълон шуд) ва соли 2013 бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи «Як камарбанд, як роҳ» рӯи кор омаданд. Тоҷикистон дар ин ду лоиҳа фаъолона иштирок мекунад.
Дар идомаи суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор намуданд:
«
Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 500 километр сарҳади муштарак дорад ва бо таҷдиди шоҳроҳи
“Душанбе – Кулма (сарҳади Чин)”, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, кишварҳои минтақаро ба шоҳроҳи Қароқурум мепайвандад
».
Мавриди зикр аст, ин шоҳроҳ як қисми долони нақлиётии мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» маҳсуб меёбад. Бартарии ин долон таъмини кӯтоҳтарин хатсайр аз сарҳади Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои дар боло зикршуда мебошад ва ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад.
Айни замон дар Тоҷикистон 10 долони афзалиятноки тиҷоративу транзитӣ муайян карда шудаанд, ки аз Шарқ ба Ғарб ва аз Шимол ба Ҷануб аз қаламрави кишвари мо мегузаранд.
«Барои пайваст шудан ба долонҳои нақлиётии самти ҷануб ва баромадан ба бандарҳои баҳрӣ мо шаш пули мошингузарро дар сарҳад бо Афғонистон бунёд намудем, ки барои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу логистикии кишварҳои минтақа имконияти хуб фароҳам меоварад,
– ёдрас намуданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
–
Ҷойгиршавии
стратегии кишвари мо дар маркази Авруосиё бароямон
имкон медиҳад, ки ҳамчун пайвандгари байни минтақаҳо ва қитъаҳо долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва логистикӣ таъсис диҳем, ки бозорҳо ва мардумони гуногунро муттаҳид мекунанд».
Ба гуфтаи Сарвари давлати мо, ин ба сармоягузорон дастрасии мустақимро ба минтақаҳои босуръат рушдёбанда, роҳҳои нави тиҷорат ва шарикии стратегӣ ҳамчун самти калидии рушд барои муттаҳидсозии манфиати ҳукуматҳо, корхонаҳо ва ҷомеа фароҳам меорад.
«Мавқеи
стратегии кишварамон
имкон медиҳад Тоҷикистон ба як маркази калидии нақлиётӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Яъне, долонҳои нақлиётиву иқтисодии муосир аз тариқи ҳудуди
Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказиро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ
ва
Чин мепайванданд»
,
– хулоса намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд тазаккур дод, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest 2025» аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 16 октябри соли 2025 идома меёбад.
Бо дарназардошти тамоюлҳои иқтисодии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва диверсификатсияи иқтисоди ҷаҳонӣ, форум ба самтҳои асосӣ, ба монанди рушди иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва саноатикунонии босуръат тамаркуз хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ва суръат бахшидан ба равандҳои саноатикунонӣ ва рақамикунонӣ дар Тоҷикистон солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд. Илова бар ин, ҷиҳати дастгирии раванди гузариши «сабз» санадҳои муҳим – «Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» қабул карда шудаанд.
Бознашр аз сомонаи
www.mintrans.tj
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЛОГИСТИКИ
Меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо
Ширкатҳои нақлиётӣ
Ширкатҳои сайёҳӣ
Хаятт Ридженси Душанбе
Отель Таджикистан
Отель Роҳат
Гостиница Шератон Отель Фируз
Отель Фируз
Худжанд Делюкс
Отель Парламент
Отель Sakho-Kulob
Отель Вип Худжанд
Хаятт Отель Серена
Отель Заря
Asian Express
Рахш такси
Сомон такси
Такси Олуча
Сабоҳ такси
Модер Такси
Таджик Сафари Тур
Сарез Тревел
Памир Сентрал Азия
Горные приключения и путешествия по Таджикистану Ориент Адвентур
Ориент Адвентур
Альпинистско Туристическая база Артуч
Зурмич
Памир пикс
Ассоциация развития туризма Зерафшана
ООО «Джавохир»
Боми Ҷаҳон тур
Таджикистан Тревел
MARCO POLO
Ором Тревел
Олами Саёхат
Follow Tajikistan
Вип Тревел