Тоҷикӣ
Русский
English
Авторизоваться
Зарегистрироваться
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст
Menu
Асосӣ
Муассиса
Таърих ва маълумот оиди муассиса
Сохтори муассиса
Роҳбарияти муассиса
Директор
Муовини аввал
Муовин
Муқовимат бо коррупсия
Муроҷиат ба муассиса
Раёсатҳо ва шӯъбаҳо
Маҷаллаи "Роҳ ва нақлиёт"
Шуъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор
Шуъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ,лоиҳаҳо ва равобити байналмилалӣ
Шуъбаи иттилоот ва коргузорӣ
Раёсати муҳосибот ва дурнамои иқтисодӣ
Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар вилояти Суғд
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Кӯлоб
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Бохтар
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар ш. Душанбе ва НТМ
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Рашт
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи ВМКБ
ХАБАРҲО
Санадҳо
Кодекси нақлиёти автомобилии ҶТ
Қоидаи гузаронидани (тендер) хатсайрҳо
Қоидаи истифодаи роҳхат ва борхатҳо
Дастурамали истифодабарии борхатҳо
Хизматрасониҳо
Нархномаи муассиса
Замимаи мобилӣ
Тендерҳо (оид ба вобастакунии хатсайрҳо)
Эълони тендерҳо
Қоидаи гузаронидани тендер
Корти рақамии тахограф
Корхонаҳо
Ширкатҳои боркашони дохили Тоҷикистон
Ширкатҳои боркашони байналмилалӣ
ШИРКАТҲОИ ЛОГИСТИКӢ ВА ЭКСПЕДИТСИОНӢ
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
Лоиҳаҳо
БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТИИ СОҲАВӢ
МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
ЛОИҲАҲО
Робитаҳои байналмилалӣ
Фаъолияти илмӣ
Тадқиқотҳои илмӣ
ОЗМУНҲО
ЧОРАБИНИҲО
МАҶАЛЛАИ “РОҲ ВА НАҚЛИЁТ”
Маълумоти умумӣ оиди маҷалла
Санадҳои вобаста ба маҷалла
Тартиби пешниҳоди мавод
Тамос
Previous
Next
Табрикоти Вазири нақлиёт ба ифтихори Иди касбии роҳиоҳанчиён
2022-08-17 08:25:25
|
Диданд: 420
Роҳиоҳанчиёни шарафманди кишвар!
Бо самимияти хос ва эҳтироми бепоён Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо муносибати Иди касбии роҳиоҳанчиён, ки дар фазои орому осоиштаи кишвар ва ягонагию ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ ва саодату сарбаландиро таманно дорам.
Таърихи таҷлили ин ҷашн аз он сарчашма мегирад, ки 17 августи соли 1994 бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 403, дар заминаи Шӯъбаи Душанбегии Роҳи оҳани Осиёи Миёна ва Минтақаи Ленинободи Шӯъбаи Фарғонаи Роҳи оҳани Осиёи Миёна Роҳи оҳани Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Агар ба таърихи роҳи оҳан назар андозем соли 1897 асри 19 аз ҳудуди Тоҷикистон (навоҳии шимоли кишвар) нахустин қитъаи роҳи оҳане, ки 109 километр буд, мегузашт. Соли 1925 Ҳукумати Шӯравӣ сохтмони хатти роҳи оҳани Термиз-Душанберо ба нақша гирифта, соли 1929 бунёди хатти роҳи оҳани мазкур ба анҷом расида, худи ҳамон сол аввалин қатораи коргарӣ, баъдан нахустин қатораи мусофирбарӣ ба ҷойи ҳозираи вокзали Душанбе расид.
Давраи навини инкишофи Роҳи оҳани Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, яъне мақоми давлати соҳибихтиёрро гирифтани кишварамон оuоз гардид.
Дар ин давра бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нақлиёти роҳи оҳан як қатор падидаҳо ба миён омаданд, аз ҷумла бунёди роҳи оҳани Бохтар (Қурғонтеппа)-Кӯлоб, ки ба бӯҳрони шадиди дохилӣ нигоҳ накарда, 7 сентябри соли 1999 бо масофаи 132 км мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, ба муносибати ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ 24 августи соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон бо масофаи 40,7 км сохта ба истифода дада шуд.
Имрӯзҳо лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории сармоягузории сохтмони хатти нави роҳи оҳани Ҷалалиддини Балхӣ- Ҷайҳун-Панҷи Поён ва роҳи оҳани фаръии Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” таҳия шудаанд, ки марказҳои иқтисодии ҷануби кишварро бо дигар давлатҳо ва роҳҳои оҳани минтақа пайваст менамояд.
Ҳамзамон лоиҳаҳои сармоягузории харидани вагону локомотивҳо таҳия гардида, барои муаррифӣ ва маблағгузории минбаъда ба якчанд созмону фондҳои маблағгузор ва шарикони рушд пешниҳод гардид.
Чӣ тавре маълум аст, 20 июни соли равон нахустин хатсайри қатораи мусофирбар аз шаҳри Душанбе ба самти “Душанбе – Самарқанд - Тошканд-Душанбе” ба роҳ монда шуд. Инчунин, дар асоси супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқияи роҳи оҳани Федератсияи Россия ҳаракати қатораи мусофирбарии байналмилали дар хатсайри “Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб” 16 август бо 600 мусофир ба сафар баромада, қатораи мусофирбарии хатсайрҳои “Душанбе – Волгоград -Душанбе” 30 август ва “Хуҷанд-Волгоград- Хуҷанд 7 сентябри соли 2022 ба роҳ монда мешаванд.
Имрӯзҳо Роҳи оҳани Тоҷикистон бо саъю кушиш ва ҷаҳду талоши роҳбарияти он дар пайи амалишавии сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар ба пешравию дастоварҳои нав ноил шудааст.
Мо боварии комил дорем, ки минбаъд низ аҳли ин корхона ба хотири пешравии соҳа ва дар маҷмуъ ба болоравии иқтисодиёти кишвар саҳмгузор хоҳанд буд.
Бори дигар Иди касбиатон муборак, роҳиоҳанчиёни арҷманди кишвар!
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЛОГИСТИКИ
Меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо
Ширкатҳои нақлиётӣ
Ширкатҳои сайёҳӣ
Хаятт Ридженси Душанбе
Отель Таджикистан
Отель Роҳат
Гостиница Шератон Отель Фируз
Отель Фируз
Худжанд Делюкс
Отель Парламент
Отель Sakho-Kulob
Отель Вип Худжанд
Хаятт Отель Серена
Отель Заря
Asian Express
Рахш такси
Сомон такси
Такси Олуча
Сабоҳ такси
Модер Такси
Таджик Сафари Тур
Сарез Тревел
Памир Сентрал Азия
Горные приключения и путешествия по Таджикистану Ориент Адвентур
Ориент Адвентур
Альпинистско Туристическая база Артуч
Зурмич
Памир пикс
Ассоциация развития туризма Зерафшана
ООО «Джавохир»
Боми Ҷаҳон тур
Таджикистан Тревел
MARCO POLO
Ором Тревел
Олами Саёхат
Follow Tajikistan
Вип Тревел