ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

ҚАТОРАИ БОРКАШ ДАР РОҲ БА СӮИ ДУШАНБЕ. Аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ аз тариқи хатсайри «Чин – Тоҷикистон» раҳсипор шуд

2026-02-26 06:20:16 | Диданд: 22

Ширкати «UTK International Logistics Co. Ltd» 17 феврал аввалин қатораи контейнерии озмоиширо аз тариқи хатсайри Чин-Тоҷикистон ба ҳаракат даровард.

Корхонаи муштараки «UTK International Logistics Co. Ltd», ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки ҶДММ «Узтемирйулконтейнер» таъсис ёфтааст, аввалин қатораи контейнерии озмоиширо бомуваффақият аз Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристод. Лоиҳаи мазкур дар доираи татбиқи созишномаҳо оид ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди робитаҳо, ки соли 2025 дар мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон  ба имзо расидаанд, қадами амалӣ гардид.

Қатора аз 8 контейнери чилфутӣ (1 фут баробари 0,3 метр) иборат аст, ки ба онҳо молҳои мавриди ниёзи мардум ва техникаи сохтмонӣ бор карда шудаанд. Қатораи вагонҳо аз истгоҳи Ланчжоу, музофоти Гансу (Чин) хориҷ шуда, тавассути  хатсайри «Чин – Узбекистон – Тоҷикистон» то ба ба истгоҳи роҳи оҳани  «Душанбе-2»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ хоҳад паймуд. Дарозии умумии хатсайр зиёда аз 3 500 километрро ташкил медиҳад ва вақти интиқоли бор 18-20 рӯзро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии ҶДММ «Узбекистон темир юллари»  («Роҳҳои оҳани Узбекистон») аз ташаббусҳои бахши логистикӣ, дар ин хатсайри мултимодалӣ имтиёзҳои тарифӣ муқаррар карда шудаанд.

Татбиқи ин лоиҳаи озмоишӣ омодагии амалии ширкатро барои ташкили интиқоли контейнерҳои устувор ва мунтазам дар самти «Чин – Осиёи Марказӣ» тасдиқ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида буд.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Шартномаи таърихӣ дар бораи нуқтаи пайвастани сарҳади давлатии се кишварро имзо намуда, дар минтақаи пайвастани сарҳадоти давлатӣ стелаи “Дӯстӣ”-ро ифтитоҳ намуданд. Эъломияи Муштараки сарони давлатҳо дар бораи дӯстии абадии се кишвари ҳамсоя қабул карда шуд. Ҳамчунин сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳо оид ба рушди алоқаи нақлиётӣ байни кишварҳои ҳамсоя идома дода шаванд.

МАЪЛУМОТНОМАИ МО

«UTK International Logistics Co. Ltd»  корхонаи муштараки Узбекистон ва Чин аст, ки моҳи июли соли 2025 таъсис ёфтааст. Ширкати «Узтемирйулконтейнер» ҳаммуассиси калидии корхона мебошад. Ширкат ба мақсади  муттаҳидсозии борҳо ва рушди ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва долонҳои мултимодалӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ  таъсис дода шудааст.