ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

ХУШ ОМАДЕД! Миёни Душанбе ва Тошканд хатсайри байналмилалии автобус роҳандозӣ шуд

2026-03-03 04:34:16 | Диданд: 32

Аз 25 феврал байни Душанбе ва Тошканд автобуси нави бароҳати байналмилалӣ ба равуо сар кард. Автобуси нахустин аз Узбекистонро дар терминали байналмилалии Душанбе ботантана пешвоз гирифтанд.

Автобус бо ҷойҳои хоб барои мусофирон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.Тавре Vaib.uz менависад, автобус рафтуомади мусофиронро байни пойтахтҳои   Тоҷикистон ва Узбекистон хеле осон мекунад ва барои сайёҳон шароити  мусоидтар фароҳам меорад.

Аз пойтахти Узбекистон автобус аз автовокзали «Тошканд» рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 17:00 ва  аз автовокзали Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе соати 13:00 ҳаракат мекунад.

Вақти сафар аз 15 то 17 соат аст. Дар тӯли хатсайр автобус дар шаҳраки Сариосиёи вилояти Сурхондарёи  Узбекистон таваққуф мекунад.

Нархи чипта ба як тараф тақрибан 233 сомонӣ (300 000 сӯм) - ро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар оянда, бо назардошти талаботи мусофирон, метавонанд ҳаракати иловагии автобусҳо ба роҳ монда  шаванд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан байни Тоҷикистону Узбекистон созишнома дар бораи барқарор намудани ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои калони ду кишвар ба имзо расида буд. Зери ин санад намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии нақлиёти автомобилии Узбекистон имзо гузошта буданд. Тибқи ин санад, аз ҷумла, соли 2021 ҳаракати автобусҳо байни Хуҷанд ва Тошканд, инчунин аз Панҷакент ба Самарқанд ва Бухоро роҳандозӣ гардиданд.

Оғози хатсайри байналмилалии «Тошканд-Душанбе» тавассути автобус боз як зуҳуроти муҳими наздикшавии амалии ду кишвар арзёбӣ гардид.

                                                                                                                                                        Бознашр аз сомонаи mintrans.tj