ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

ДАР КИШВАРҲОИ АВРУПОӢ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲҲО ЧӢ ГУНА ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАД? Ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати омузиши таҷрибаи сохтмону навсозӣ ва нигоҳдории роҳҳо ба чанд кишвари Аврупо сафари шиносоӣ анҷом дод

2026-03-05 10:16:59 | Диданд: 26

Аз 5-ум то 16 феврали соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омузиши таҷрибаи кишварҳои Аврупо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат, сохтмону таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба ҷуҳуриҳои Хорватия, Юнон ва Шоҳигарии Нидерланд сафари омузишӣ анҷом дод.

Ба ҳайати мазкур муовини якуми Вазири молия Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми Вазири нақлиёт Фаррух Неъматзода, Директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо (МТЛТР) Нуралӣ Арабзода, Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Далер Қурбонзода, Директори КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» (ПЛИН) Валиҷон Махсум, роҳбари МД Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» Баҳром Шарифзода, муовини директори МТЛТР Шамшод Воҳидов, менеҷери лоиҳаи МТЛРТ Иноятулло Раҳмонзода, муовини сардори Департаменти лоиҳаҳои сармоягузории Вазорати молия Фаррухҷон Додаров, муовини аввали Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ»-и Вазорати нақлиёт Ҷаҳонгир Пиров шомил буданд.

Сафари ҳайат аз рӯи барномаи «Машварат оид ба бехатари ҳаракат дар роҳ дар Тоҷикистон» дар доираи «Лоиҳаи намунавии долони сабз (Green Corridor Demonstration Project)», ки аз ҷониби Бонки Осиёии рушд барои Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад, амалӣ гардид.

Дар ҷараёни сафар намояндагони Тоҷикистон аз чанде аз шаҳрҳои Ҷумҳурии Хорватия, Шоҳигарии Нидерланд ва Ҷумҳурии Юнон дидан намуда, ба масъалаҳои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ташкили ҳаракат, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, системаҳои зеҳнии нақлиётӣ (ITS), идоракунии долонҳои толлингӣ, нигоҳдории роҳҳо дар фаслҳои гуногуни сол ва рушди инфрасохтори дучархаронӣ дар муҳити шаҳрӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар шаҳри Загреби Хорватия мушовири Барномаи байналмилалии арзёбии роҳҳо iRAP (International Road Assessment Programme) Люк Роджерс зимни як рӯнамоӣ ҳайати Тоҷикистонро бо фаъолияти ташкилоти iRAP ва раванди иҷрои корҳои лоиҳаи «Долони сабз» муфассал шинос кард. Ӯ тазаккур дод, ки iRAP ҳамчун барномаи ҳамоҳангсози ҷаҳонӣ барои арзёбии сатҳи бехатарии роҳҳо амал намуда, усулҳои байналмилалии баҳогузориро татбиқ менамояд. Гуфта шуд, ки фаъолияти iRAP аз харитасозии хавф (Risk Mapping), баҳогузории ситоравӣ (Star Rating, аз 1 то 5), таҳияи нақшаҳои сармоягузории роҳҳои бехатар (Safer Roads Investment Plans), пайгирии сиёсати давлатӣ ва нишондиҳандаҳо (Policy and Performance Tracking) иборат буда, ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори СММ мусоидат менамояд.

iRAP дар назди худ мақсад гузоштааст, ки роҳҳои нав бояд ба сатҳи на камтар 3-ситора мутобиқ бошанд ва то соли 2030 зиёда аз 75% ҳаракат бояд дар чунин роҳҳо амалӣ гардад.

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти факултаи нақлиёт ва ташкили ҳаракат дар роҳи Донишгоҳи Загреб, кормандони Маркази ягонаи идоракунии шоҳроҳҳои Хорватия, Маркази идоракунии нақбҳо ва Корхонаи нигоҳдории шоҳроҳҳо дар фасли сармо мулоқот намуданд.

Дар шаҳраи Гаагаи Нидерланд ҳайати Тоҷикистон бо Директори Муассисаи идоракунии бехатарии роҳҳои шаҳрӣ (Urban Road Safety Management) Ферри Смит, Директори Муассисаи илмии тадқиқотии соҳаи нақлиёт Мартин Деймен, дар шаҳри Утрехт бо намояндагони Сафорати велосипедронии ин шаҳр «Дучархасаворӣ барои ҳама» (Dutch Cycling Embassy – Cycling for Everyone) мулоқотҳо доир намуданд.

Дар пойтахти Юнон шаҳри Афина мулоқотҳои ҳайати кишвари мо бо намояндагони муассисаи «Корҳои фаврӣ дар шоҳроҳҳои автомобилгард ва идоракунии ҳолатҳо» (Live Motorway Operations and Incident Management), Директори Пажӯҳишгоҳи бехатарии ҳаракат дар роҳ (R.S.I. Road Safety Institute) Василики Данелли-Милон ва шиносоӣ бо озмоишгоҳи ин муассиса доир гардиданд.
Дар ҷараёни сафар вазъи кунунии бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, усулҳои тарҳрезии роҳҳои бехатар ва навовариҳо дар соҳаи муҳандисӣ баррасӣ гардиданд. Ба ҳайати кишвари мо иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон ва ин кишварҳои аврупоӣ ба ҳам монанданд, аз ҷумла бо табиати зебои кӯҳсор, дарёҳҳо ва кӯлҳои пурталотум, ағбаҳои баланд ва роҳҳои кӯҳӣ. Загреб ва Афина дар атрофи кӯҳҳо, Гаага, Утрехт ва Амстердам дар пастӣ, дар нуқтаи ҷорӣ шудани дарёҳои Амстел ва Эй ба баҳри Шимолӣ ҷойгиранд.

Аксари шоҳроҳҳои ин кишварҳо дар шароити мураккаби кӯҳистон сохта шудаанд ва аз унсурҳои зиёди инфрасохторӣ, ба монанди нақбҳо, пулҳо ва роҳҳои бисёрқабата иборатанд.

Сафари омузишӣ бо мақсади такмили ихтисос, табодули таҷриба, беҳтар кардани сифати роҳҳо ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо гузаронида шуд.

Хотиррасон мешавем, ки бо таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард солҳои охир, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ 28 декабри соли 2023 чунин таъкид намудаи буданд: «Мо тасмим гирифтаем, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ – шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем. Дар баробари сохта, ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад».