ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Минбаъд набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ тавассути дурбинҳо сабт мешавад

2026-03-05 10:20:36 | Диданд: 21

Аз 5 марти соли 2026 дар пойтахти Тоҷикистон тафтиши мавҷудияти бимаи суғуртаи ҳатмӣ ва корти ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт ба таври худкор, тавассути дурбинҳо (камера ва радарҳо) оғоз мегардад. Дар ин бора «АП» бо истнод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки аз 5 марти соли равон дар Душанбе сохторҳои нави «Системаи ягонаи суғуртаи электронӣ» ва «Системаи ягонаи иттилоотии санҷиши ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт» ба кор сар мекунанд. Бо ёрии дурбинҳо (камераҳо ва радарҳо) доштани бимаи суғуртаи ҳатмӣ ва корти ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт ба таври худкор тафтиш карда мешавад.

Дар ҳолати адами (набудани) бимаи суғуртаи ҳатмӣ ё корти ташхиси техникӣ ба ронанда аввал огоҳинома фиристода, барои рафъи камбудӣ 10 рӯз муҳлат медиҳанд. Агар дар ин муддат қонуншиканӣ бартараф карда нашавад, ронанда тибқи моддаи 315, қисмҳои 1 ва 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КоҲМ ҶТ), ки бо Қонуни ҶТ аз 31 декабри соли 2008 бо рақами 455 қабул шудааст, ҷарима таъин карда мешавад:

- барои аз ташхиси ҳатмии техникӣ нагузаштан – 234 сомонӣ;

- барои рондани мошин бе суғуртаи ҳатмӣ – 78 сомонӣ.

***

Гузаштан аз ташхиси техникӣ ва суғуртаи масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҳатмист.

Мувофиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», ки аз 17 маи соли 2018 таҳти №1533 қабул гардидааст, ҳамаи воситаҳои нақлиёт дар мамлакат бояд аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаранд ва бо тартиби муқарраргардида суғурта карда шаванд. Истифодаи мошинҳое, ки аз ташхис нагузаштаанд ва бимаи суғурта надоранд, манъ аст.

Аз 18 майи соли 2025 дар Тоҷикистон меъёри андоз аз воситаҳои нақлиёт зиёд шуд. Ҳангоми гузаронидани ташхиси ҳатмии ҳарсола андоз ситонида мешавад, ки ҳаҷми он аз қувваи муҳаррики мошин вобаста аст.

Ташхис дар марказҳои хидматрасонии ваколатдор ва устохонаҳои дорои иҷозатномаи дахлдор гузаронида мешавад. Онҳо бо таҷҳизоти махсус барои ташхиси мувофиқати воситаҳои нақлиёт ба талаботи муқарраршуда муҷаҳҳаз карда шудаанд. Пас аз гузаштан аз ташхиси техникӣ БДА ба соҳиби мошин ҳуҷҷати тасдиқкунанда (корти ташхис) медиҳад.

Тибқи маълумоти БДА, дар кишвар 62 нуқтаи ташхиси техникӣ амал мекунад, ки 13 адади онҳо сайёр мебошанд.

Набудани бимаи суғурта барои ронанда, ба ғайр аз ҷарима, ҳангоми садама низ мушкилот ба бор меорад. Суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданӣ-ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон аз соли 2021 амал мекунад.

Ба гуфтаи коршиносони нақлиёт, ҷорӣ кардани санҷишҳои корти ташхис ва бимаи суғурта дар ронандагон бо истифода аз дурбинҳои роҳ метавонад ба беҳдошти назорати риояи қоидаҳои ҳаракат ва колҳиш ёфтани садамаҳои нақлиетӣ дар роҳҳо мусоидат кунад. Камераҳо на танҳо қонуншиканиҳоро сабт мекунанд, балки ба туфайли онҳо ронанда метавонад бегуноҳии худро дар садама исбот намояд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки камераҳо ва радарҳо чунин нақзи қоидаҳои ҳаракат, ба монанди аз ҳад зиёд кардани суръати ҳаракат, гузаштан ба чароғаки сурхи светофор, ворид шудан ба хатти устувор, баромадан ба самти суқобилип ҳаракат, ҳаракат дар канори роҳ, гардиш аз қатори дуюм, набастани камарбанди бехатарӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми рондани мошин ва ғайраро сабт мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки хидамоти «Шаҳри бехатар» бо истифода аз имкониятҳои нави рақамӣ ба соҳибони мошинҳо кӯмак мекунад, ки тавассути SMS дар бораи ҷаримаҳои ҳисобшуда маълумот гиранд ва мушкилоти пардохти саривақтии онҳоро пешгирӣ кунанд.