Воқеан, ба фаро расидани Наврӯзи ҳуҷастапай ба ҳар хонадони кишвари азизамон шодию фараҳ арзонӣ мешавад. Ва инак, боз ба сарзамини офтобиамон Наврӯз, ҷашни бостониву файзбахши фасли баҳор қадам ниҳод.
Бо камоли фараҳмандӣ ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони берунмарзиро бо фарорасии иди зебои табиат, иди миллиамон - Наврӯзи Аҷам аз самими дил табрику муборакбод мегӯям.
Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои бостонии халқҳои форсизабон ва миллатҳои эронинажод аст, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидааст.
Дар байни ниёгонамон расм шуда буд, ки дар айёми Наврӯз хусумату кинаҳоро аз дилҳо берун месохтанд, дасти нотавону дармондагонро мигирифтанд, ба онҳо дасти ёрӣ мерасониданд.
Аз ин рӯ, ба истиқболи Наврӯз, ки башорати рӯзи нав, фасли нави нозанин, эҳёи табиат, махсусан замин аст, мардуми мо манзилу кошона, кӯчаву хиёбонҳоро тозаю бо ниҳолшинонӣ обод мекунанд, зеро файзу баракат дар тозагию озодагӣ мебошад.
Махсусан, ёди гузаштагон, эҳтироми калонсолон, авфи гуноҳ, тозаву озода кардани хона ва ашёи рӯзгор, обод кардани маҳалли зист, пошидани тухми умед ба замин, шинондани ниҳол, ба тартиб овардани роҳу пулҳо, зиёрати пирони барнодил, ранҷурону беморон, хайру сахо ба шахсони бепарастор, оилаҳои камбизоат ва ятимону маъюбон аз ҷумлаи анъаноти нек ва сунатҳои писандидаи Наврӯзи Аҷам маҳсуб меёбад.
Доир ба Наврӯз, таърихи пайдоиши он, вақту замони таҷлили ин ҷашн донишмандону шоирони гузаштаи форсизабон - Абулқосим Фирдвасӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Садриддини Айнӣ ва дигарон асарҳо эҷод кардаанд. Мутобиқ ба гуфтаи онон чунон ки аз номаш бармеояд, Наврӯз рӯзи нав аз Соли нав аст, ки ба аввали моҳи ҳамали шамсии ҳиҷрӣ ва 21 марти солшумории мелодӣ рост меояд ва таърихи шашҳазорсола дорад.
Дар даврони давлатдории ҳахоманишиён (асрҳои 6-4 то мелод) ҷашн гирифтани Наврӯз ба расмият даромад ва дар асотири мардумони эронӣ, таҷлили онро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Мардуми тоҷик, ки аслан аз нажоди ориёист ва дар қиёс бо дигар халқҳои Осиёи Марказӣ бо забони ноби форсӣ, фарҳанг ва тамаддуни худ хусусияти хосро дорост, Ҷашни Наврӯзро хело пуршукӯҳ ва дар сатҳи баланд аз 21 март то аввали моҳи апрел таҷлил менамоянд.
Бо омад-омади Наврӯзи ҳуҷистапай, ки аслан тоҷикон онро чунин ном мебаранд, шабу рӯз баробар мегардад. Сардии зимистон ҷойи худро ба рӯзҳои гарму офтобии баҳорон медиҳад. Марди деҳқон, ки рӯзирасони мардум аст, каланд ба даст гирифта, замин шудгор менамояд, бо ҳазор орзую омол донаи умед-донаи гандум ба замин кишт менамояд.
Бигзор Наврӯзи имсола барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон соли бобарори бунёдкорӣ ва фатҳу нусратҳои нав гардад. Сулҳу оромӣ дар ҳамешагӣ фарогири замини муқаддасу осмони мусаффои Ватанамон бошад.
Ҳар рӯзатон Наврӯз ва Наврӯзатон фирӯз бод!