ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Вазири нақлиёти Русия мулоқот кард

2026-04-08 17:48:29 | Диданд: 5

Дар доираи Форуми якуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ, ки 1-3 апрел дар Санкт-Петербург доир гардид, муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини Вазири нақлиёти Федератсияи Россия Дмитрий Зверев мулоқот кард.

Дар мулоқот раванди мусбати афзоиши боркашонӣ ва мусофиркашонӣ байни ду кишвар ба далели имтиёзоти амалкунандаи тарофавӣ, аз ҷумла зариби (коэффитсиенти) пасткунандаи ҳамлу нақли воридотии маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия тавассути роҳи оҳан изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо табодули устувори солонаи рухсатномаҳоро барои ҳамлу нақли байналмилалии борҳо ба/аз кишварҳои сеюм зикр карданд.

Имконияти сохтани долонҳои нави нақлиётӣ бо мақсади афзоиши ҳаҷми боркашонӣ, инчунин ҷорӣ кардани технологияи муҳру муми новбарӣ (пломбаҳои навигатсионӣ) ҳангоми ҳамлу нақли автомобилӣ байни кишварҳо баррасӣ карда шуд.

Инчунин масъалаи аз нав барқарор кардани мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан бо хатсайри «Душанбе – Москва», хариди (аз ҷумла дар асоси лизинг) техникаи роҳи оҳани Русия, вагонҳои инноватсионии боркаш, мусофирбарӣ ва махсус, таҷҳизот ва асбобҳои зарурӣ барои хизматрасонии онҳо баррасӣ карда шуд.

Ба рушди хатсайрҳои алтернативӣ ва бартараф сохтани маҳдудиятҳои мавҷудаи инфрасохторӣ, аз ҷумла, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳаракати мунтазами автобусҳои мусофирбар миёни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русия диққати махсус дода шуд.

Ҷонибҳо ба иштироки ширкатҳои Русия дар лоиҳаҳои нақлиётӣ-логистикӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози алоқа намуданд. Гуфта шуд, ки корҳо оид ба татбиқи «харитаи роҳ»-и байниидоравӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт барои солҳои 2025-2030 идома доранд.

Мулоқот ҳусни нияти ҷонибҳоро ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар саҳаи нақлиёт таъйид намуд.

                                                                                                                                                        Бознашр аз сомонаи mintrans.tj