ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

САММИТИ МИНТАҚАВИИ ЭКОЛОГӢ. Бахши нақлиёт дар заминаи гузариши «сабз» ва рушди устувор таваҷҷӯҳи махсус пайдо кард

2026-04-24 12:10:34 | Диданд: 26

22-24 апрели соли 2026 дар Остона, пойтахти Қазоқистон Саммити минтақавии экологӣ (СМЭ 2026) баргузор шуд, ки дар он сарони панҷ давлати Осиёи Марказӣ иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 апрел дар ҳошияи саммити минтақавии экологӣ дар Остона бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян мулоқот карданд. Дар ҷараёни ин  мулоқотҳо оид ба як қатор масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, ҳам муносибатҳои дуҷониба ва ҳам рӯзномаи бисёрҷониба табодули афкор сурат гирифт.

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамроҳ бо дигар сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчӣ бо яке аз мавзеъҳои барҷастаи Саммит – Намоишгоҳи байналмилалии технологияҳои сабз, ки  меҳмононро аз 30 кишвар  ба ҳам овард, шинос шуданд. Дар намоишгоҳ 120  ғурфа бо экспозисияҳои интерактивӣ ҷойгир ва ба василаи онҳо қарорҳои пешрафтаи инноватсионии экологӣ пешниҳод карда шудаанд. Дар ин замина, ба бахшҳои саноатӣ, аз ҷумла соҳаи автомобилсозӣ, ҳамчун яке аз иштирокчиёни тағирёбии экологӣ диққати махсус дода шудааст. Ин ҷо на танҳо дар бораи рушди нақлиёти барқӣ, балки дар бораи таҷдиди равандҳои истеҳсолӣ, ки самаранокии экологӣ қисми модели амалиётӣ мегардад, сухан меравад.

Зимнан, дар Осиёи Марказӣ бахши нақлиёти барқӣ тақвият меёбад ва маҳаллисозии чунин қарорҳо марҳилаи нави рушди соҳа мегардад. Ба ин оғози истеҳсоли модели омехтаи (ҳибридии) Geely Galaxy EX5 EM-i дар  ширкати «Allur»-и  Қазоқистон  мисол шуда метавонад, ки тамоюли умумии коҳиши гази карбонро инъикос мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ширкат.

22 апрел Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити минтақавии экологӣ дар мавзӯи «Диди муштарак барои ояндаи устувор» иштирок ва суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим, таназзули экосистемаҳо, норасоии захираҳои об ва офатҳои табиӣ ҳам барои минтақа ва ҳам барои ҷаҳон мушкилоти ҷиддӣ шуда истодаанд ва ин, бешубҳа, аз мо талаб мекунад, ки якҷоя амал кунем.

Аз рӯи натиҷаҳои саммит сарони давлатҳои минтақа Эъломияи муштарак ва Барномаи минтақавии амалҳоро барои солҳои 2026-2030 қабул карданд. Дар ин ҳуҷҷатҳо бахши нақлиёт дар заминаи гузариши «сабз» ва рушди устувор таваҷҷӯҳи махсус пайдо кард.

Ҷанбаҳои асосии нақлиёт дар ин санадҳо инҳоянд:

ТАҲКИМИ АЛОҚАИ ИНФРАСОХТОРӢ. Ҷонибҳо зарурати тақвияти робитаҳои нақлиётӣ ва инфрасохтории минтақаро барои рушди устувор таъкид карданд.

НАҚЛИЁТИ «САБЗ». Эъломия гузаришро ба намудҳои экологии нақлиёт ва логистика дар доираи Барномаи минтақавии амалҳо  барои солҳои 2026-2030 таъкид мекунад.

ҲАМОҲАНГӢ БО ҲАДАФҲОИ ЭКОЛОГӢ. Рушди инфрасохтори нақлиётӣ ҳамчун воситаи коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва таъмини устувории экологии минтақа ба назар мерасад.

РУШДИ ДОЛОНҲОИ НАҚЛИЁТӢ. Интизор меравад, ки барои баланд бардоштани самаранокии хатсайри байналмилалии нақлиётии Транскаспий (Долони миёна)  кӯшиш   ба кор бурда шавад.

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок ва суханронӣ намуданд. Бояд тазаккур дод, ки  баҳри Арал ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ ба экологияи минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад. Хушкшавии он яке аз бузургтарин офатҳои экологии антропогенӣ дар асри XX маҳсуб меёбад, ки  бар асари истифодаи нодурусти захираҳои об ва тағирёбии иқлим ба вуҷуд омадааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки буҳрони бузурги экологӣ дар минтақа, аз ҷумла фоҷиаи баҳри Арал аз мо амалиёти минбаъдаи муштаракро талаб мекунад. Сарвари давлати мо пешниҳод намуданд, ки дар доираи Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал Комиссияи байнидавлатии энергетикии Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.

(Ахбори сомонаи Президенти ҶТ

ва манбаъҳои дигар истифода шудаанд)