Комиссияи бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистонро маъкул донист. Дар иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки имрӯз дар пойтахти Таиланд шаҳри Бангкок баргузор гардид, қатъномаи пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи нақлиётӣ ва логистика қабул гардид.
Дар кори иҷлосия Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим иштирок кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар обрӯву эътибори баланди байналмилалии худро ҳамчун давлати ташаббускори ҷаҳонӣ собит намуд – дар иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) бо пешниҳоди кишвари мо қатъномаи «Таҳкими ҳамкорӣ дар самти иртиботи мутақобилаи нақлиётӣ ва логистика ба манфиати рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором» қабул карда шуд.
Ҳуҷҷати мазкур ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, рушди долонҳои устувори байналмилалии нақлиётӣ, рақамикунонии равандҳои логистикӣ, баланд бардоштани устувории занҷираҳои таъминот, ҷорӣ намудани навгониҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва тавсеаи имкониятҳои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ равона шудааст.
Қабули қатъномаи нав, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст, бори дигар нақши пешбарандаи кишвари мо, муваффақияти назарраси дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва идомаи мантиқии сиёсати дурандешонаи давлатии Президенти мамлакатро, ки барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва ба кишвари муҳими транзитии минтақа табдил додани он равона шудааст, собит намуд.
Қатънома ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ то соли 2030 ва инчунин ба созишномаҳои калидии байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт комилан мувофиқат мекунад.
АҲАМИЯТИ МАХСУСИ ҚАТЪНОМА БАРОИ ТОҶИКИСТОН
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ, қабули ин қатънома аҳамияти стратегии махсус дошта, имкониятҳои навро барои масъалаҳои зерин фароҳам меорад:
• ҳамгироии минбаъда ба шабакаҳои минтақавӣ ва байналмилалии нақлиётӣ;
• густариши ҷуғрофияи дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ;
• суръат бахшидан ба рушди иқтидори транзитии кишвар;
• ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ ва маблағҳои рушд;
• навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ;
• рақамикунонии бахши нақлиёт;
• баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ.
Қатънома ҳамчунин тақвияти дастгирии кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла кишварҳои камтараққӣ, давлатҳои рӯ ба рушди бидуни баромад ба баҳр ва давлатҳои хурди ҷазиравиро тавассути механизмҳои маблағгузорӣ, интиқоли технология ва таҳкими иқтидор пешбинӣ менамояд.
Қатъномаи нави ЭСКАТО марҳилаи сифатан нави ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт дар Осиё ва Уқёнуси Ором оғоз намуда, бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои эътирофшудаи пешсаф дар дипломатияи байналмилалии рушд буда, ташаббусҳои амалӣ ба манфиати халқҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон нишон медиҳад.
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат на танҳо иштирокчии фаъоли равандҳои байналмилалӣ, балки яке аз кишварҳои ташаккулдиҳандаи рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои калидии рушди устувор, аз ҷумла дипломатияи об, иқлими устувор, амнияти энергетикӣ, ҳамгироии нақлиётӣ ва ҳамкории минтақавӣ мебошад.
Солҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои стратегии Тоҷикистонро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баланд арзёбӣ намудааст. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қарорҳои таърихии зерин қабул гардидаанд:
• Соли байналмилалии оби тоза (2003);
• Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015);
• Соли баналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013);
• Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои руди устувор» (2018–2028);
• Соли байналмилалии ҳифзи прияхҳо эълон гардидани соли 2025;
• Таъсиси Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
• Ташкили Фонди байналмилалии ҳифзи прияхҳо.
Ин ташаббусҳо мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати масъул, созанда ва дурандеш, ки қодир аст барои масъалаҳои дорои аҳамияти глобалӣ роҳҳалҳои муассир пешниҳод намояд, таҳким бахшиданд.
Ёдовар мешавем, расо як сол пеш, 25 апрели соли 2025, дар ҷараёни иҷлосияи 81-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона қатъномаи «Таҳкими ҳамкорӣ оид ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим бо мақсади рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» қабул гардида буд.
Инак, қабули қатъномаи нав дар ҳамоиши бонуфузи СММ оид ба алоқаи нақлиётӣ ва логистика далели равшани он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини рушди устувор, сулҳу осоиштагӣ, ҳамбастагӣ ва шукуфоӣ дастгирӣ мекунад.
Бознашр аз сомонаи mintrans.tj