ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ. Масъалаҳои бунёди маркази логистикӣ ва кашидани хати роҳи оҳан дар Маркази озоди иқтисодии «Кӯлоб» таҳлил ва баррасӣ гардиданд

2026-04-28 09:45:30 | Диданд: 3

Ҷиҳати баррасии масъалаҳои таҳияи лоиҳаи «Асосноккунии техникӣ – иқтисодии бунёди Маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Кӯлоб» ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти рушди инфрасохтори логистикӣ ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-17 апрели соли 2026 ба Ҷумҳурии Корея  сафари корӣ анҷом дод.

Сафари корӣ бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.  

Ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», муассисаи давлатии «Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти МОИ «Кӯлоб» шомил буданд.   

Зимни мулоқот бо намояндагони Бонки содиротӣ ва воридотии (EXIMBank)   ва Корпоратсияи байналмилалии машваратии PwC (PricewaterhouseCoopers)-и Ҷумҳурии Корея масъалаҳои тақвият бахшидани корҳо дар самти татбиқи лоиҳаи «Асосноккунии техникӣ – иқтисодии бунёди Маркази логистикӣ дар МОИ «Кӯлоб» ва дар марҳилаҳои минбаъда пурра анҷом додани корҳо дар самти таҳияи «Асосноккунии техникӣ – иқтисодии кашидани хатти роҳи оҳан то МОИ «Кӯлоб» мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки таъсиси Маркази логистикӣ ва сохтмони роҳи оҳани ба МОИ «Кӯлоб» пайвастшаванда унсурҳои бо ҳам алоқаманд буда, ба рушди инфрасохтори минтақаи озоди иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард.

Дар доираи сафари корӣ ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои  бонуфузи Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла, ширкатҳои байналмилаии логистикии «LOTTE Global Logistic Co.,LTD», «DONGBANG Transport Logistics Co., Ltd», «Korea Ocean Business Corporation», «Coupang Goyang Logistics Center», «Logistic Center Pyengtaek», «KORAIL Logistics», «Gunpo IFT, Korea Integrated Freight Terminal», истгоҳҳои роҳи оҳан ва терминалҳои боркашонӣ мулоқотҳои судманд анҷом дода, бо раванди кор ва фаъолияти онҳо аз наздик шинос шудаанд.

Аз мутахассисони кореягӣ барои саҳмгузорӣ дар самти бунёди Маркази логистикӣ ва кашидани хати роҳи оҳан то Минтақаи озоди иқтисоди «Кӯлоб» даъват ба амал оварда шуд.

Дар маҷмуъ сафари мазкур омузанда ва муфид буд.


                                                                                                                                                        Бознашр аз сомонаи mintrans.tj