ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст? Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

2026-05-13 10:45:03 | Диданд: 2

Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи амали “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои давраи солҳои 2023-2028”-ро тасдиқ кард. Қарор дар ин бора 28-уми апрели соли 2026 ба имзо расид. Ин марҳилаи дуюми барномаи мазкур мебошад, ки нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2026-2028 дар назар дорад.
Мувофиқи замимаи қарор, нақша аз 9 банди асосӣ иборат буда, чор самтро дар бар мегирад. Дар он дар мавриди 15 чорабинии мушаххас сухан меравад. Арзиши умумии татбиқи нақша 888 млн 48 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 95 млн доллар) мебошад. Аз ин маблағ, 105 млн 988 ҳазор сомонӣ аз шарикони рушд ва 782 млн 60 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.
Чорабиниҳои асосии нақша ба фароҳам овардани шароит барои сармоягузорӣ, таҳияи заминаи меъёриву техникӣ, рушди зерсохтори таъминот бо нерӯ ва хадамот, роҳандозии ҷамъоварӣ ва коркарди аккумуляторҳо, инчунин афзоиши парки автобусҳои барқӣ (электробусҳо) дахл доранд.
Аз ҷумла, солҳои 2026-2028 бунёди 1,1 ҳазор нуқтаи нерӯдиҳӣ барои нақлиёти барқӣ пешбинӣ шудааст: дар Душанбе 555 адад, вилояти Суғд – 200, Хатлон – 200, шаҳру навоҳии тобеи ыумщурь- 110 ва ВМКБ – 35 адад. Барои анҷоми ин корҳо, ҳудуди 167 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.


                                                                                                                                           Бознашр аз сомонаи asiaplus.news