ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ - ОМИЛИ РУШДИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ

2026-05-16 11:41:20 | Диданд: 42

Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари байналмилалии минтақавии СПЕКА таҳти унвони «Таҳкими ҳамбастагии нақлиётӣ ва рақобатпазирӣ дар минтақаи СПЕКА: ҳамгироии чаҳорчӯбаҳои стратегӣ, инфрасохтор ва инноватсияҳои рақамӣ», ки рӯзҳои 13-15 майи соли 2026 дар шаҳри Алмато баргузор гардид, иштироки фаъол намуд.
Дар кори семинари мазкур директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Фарух Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кард.
Чорабинии мазкур аз ҷониби СПЕКА оид ба нақлиёт ва транзит дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ва дигар шарикони рушд ташкил карда шуда, ҳадафи асосии он баррасии масъалаҳои муҳими рушди низоми нақлиётӣ, логистика ва ҳамлу нақли байналмилалӣ дар кишварҳои минтақа буд.
Дар семинар намояндагони вазорату идораҳои нақлиётӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои логистикӣ ва коршиносони соҳа аз кишварҳои гуногуни минтақа иштирок намуданд. Иштирокчиён масъалаҳои муҳими марбут ба рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, такмили ҳамлу нақли транзитӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои логистикӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Тазаккур бояд дод, ки таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои рушди бандарҳои хушк ва марказҳои логистикӣ ҳамчун унсурҳои калидии низоми муосири нақлиётии минтақа ва ба масъалаи рақамикунонии соҳаи нақлиёт ва логистика равона гардида буд.
Яке аз мавзуъҳои муҳимми семинар рушди бандарҳои хушк ва марказҳои логистикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд. Қайд гардид, ки чунин марказҳо дар шароити афзоиши гардиши байналмилалии мол нақши калидӣ дошта, барои ташкили ҳамлу нақли босуръат ва муосир аҳамияти бузург доранд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни семинар масъалаҳои рушди инфрасохтори мултимодалӣ ва тақвияти ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки рушди шабакаҳои нақлиётӣ ва марказҳои логистикӣ метавонад барои густариши савдои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ байни давлатҳо заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар доираи муҳокимаҳо масъалаҳои такмили расмиёти гумрукӣ ва содагардонии барасмиятдарории транзитии борҳо низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Коршиносон изҳор доштанд, ки содда намудани расмиёти транзитӣ метавонад вақти интиқоли молу маҳсулотро кам намуда, хароҷоти нақлиётиро коҳиш диҳад.
Дар доираи қисми амалии семинар иштирокчиён аз бандари хушки байналмилалии Хоргос боздид намуданд. Ин марказ яке аз бузургтарин марказҳои нақлиётӣ ва логистикии минтақа ба ҳисоб меравад. Зимни боздид ҳайати иштирокчиён бо фаъолияти инфрасохтори муосир, низоми рақамии идоракунии ҷараёни борҳо, ташкили ҳамлу нақли мултимодалӣ ва механизмҳои содаи барасмиятдарории гумрукӣ шинос гардиданд.
Бандари хушки Хоргос имрӯз ҳамчун яке аз марказҳои муҳими транзитӣ байни кишварҳои Осиё ва Аврупо хизмат мекунад. Иштирокчиёни семинар таҷрибаи ин марказро барои рушди минбаъдаи инфрасохтори логистикӣ ва транзитии кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ намуданд.
Иштироки намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои рушди соҳаи нақлиёт ва логистикаи кишвар аҳамияти калон дорад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мавқеи муҳими транзитӣ дар минтақа ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди долонҳои нақлиётӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Имрӯз соҳаи нақлиёт яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Бунёди роҳҳо, пулҳо, марказҳои логистикӣ ва рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ метавонад барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, афзоиши савдо ва беҳтар гардидани имкониятҳои транзитии кишвар мусоидат намояд.
Дар солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ ва рушди шабакаҳои нақлиётӣ барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар аҳамияти стратегӣ доранд.
Мутахассисон бар он назаранд, ки омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир метавонад барои рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёти Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварад. Аз ҳамин сабаб, иштирок дар чунин семинарҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ барои табодули таҷриба ва ҷорӣ намудани роҳкорҳои нав аҳамияти муҳим дорад.
Метавон гуфт, ки иштироки намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари байналмилалии СПЕКА дар шаҳри Алмато нишонаи таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба рушди соҳаи нақлиёт, логистика ва ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад. Чунин чорабиниҳо метавонанд барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, омӯзиши таҷрибаи муосир ва рушди низоми нақлиётии кишвар саҳми арзанда гузоранд.