ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Табрикоти директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”

2022-09-08 05:54:05

           Табрикоти директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва   хизматрасонии  логистикӣ”  бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти  давлатии   Ҷумҳурии    Тоҷикистон                                                                                                                                    Ҳамкорони азиз!                                                                                                        
         Истиқлолият барои мардуми тамаддунофару куҳанбунёди тоҷик,  орзую омоли ниёгони хирадпешаамон буд. Шукри Яздони пок ин неъмати бебаҳоро барои мо мардуми шарифи Тоҷикистон бо кушишу талошҳои фарзанди фарзонаи миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба мо ато намуд. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми озодхоҳу озодандеши тоҷиқ имкониятҳои навро фароҳам овард. Баъди соҳиб  шудан ба Истиқлолият Тоҷикистони озоду мустақил аз тарафи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, мардуми тоҷикро бори дигар ба ҷаҳон дубора муаррифӣ намуд. Мардуми сарбаланду саодатманди тоҷиқ барои таҳкиму устувор нигоҳ доштани он дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ баҳри ободу зебо гардонидани ин кишвари  орзуҳо талош ба харҷ доданд.  Имсол баҳори 31-умин солгарди Истиқлолияти ватанро мову Шумо дар фазои сулҳу сафо ва оромиву осудагии кишвар таҷлил менамоем. Бояд тазаккур намоям, ки истиқлолияти давлатӣ барои мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар ин роҳ барои ҳифзи Истиқлолият беҳтарин фарзандони шуҷои ватан ҷони худро аз даст додаанд. Барои ҳамин насли наврасу ҷавони моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва баҳри таъмини амнияти Истиқлоли кишвар талошу кушиш намоянд.  Баъди ба даст овардани истиқлолият, давлату ҳукумат барномаҳо ва стратегияҳои махсус барои расидан ба истиқлолияти комили давлатӣ таҳия ва қабул намуд. Чор ҳадафи стратегӣ  дурнамои рушди кишварро муайян ва роҳандозӣ намуда истодааст. Яке аз ин ҳадафҳои стратегӣ ин баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ мебошад, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани он кишвари моро аз мамлакати се қисмати пора-пора ба як кишвари воҳид табдил дод. Ҳоло бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон роҳҳо кушодааст ва мардум озодона аз ин роҳҳо истифода менамоянд. Ин натиҷаи толошҳои роҳбарияти олии кишвар ва заҳмату меҳнати пайвастаи ҳайати кормандони комплекси нақлиёти  кишвар мебошад.            
                                                              Ҳамкорони азиз !           
             Мову Шумо дар арафаи ҷашни Истиқлолият қарор дорем ҳамаи Шуморо ба ин рӯзи муқаддаси миллӣ, Иди Ватану Озодӣ муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо бахту саодат ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Бигузор Истиқлолият дар Ватани азизу маҳбубамон ҳамеша ва ҷовидону поянда боқӣ бимонад.                           Ид муборак ҳамкорони азиз !