ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Вазири нақлиёт бо директори кишварии БАТР ва намояндагони ширкатҳои аврупоӣ мулоқот кард

2026-06-05 07:04:20 | Диданд: 29

1 июн Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Директори кишварии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Холгер Вифел, Мутахассиси калони Бонки мазкур оид ба рушди нақлиёт, омода ва татбиқи лоиҳаҳо Гарри Карандейнос ва намояндагони ширкатҳои ETECON (Сербия)  ва Ecoline International Ltd (Булғория) мулоқот доир кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо  роҷеъ ба ҳамкории дуҷониба  оид ба ҳолати кунунии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ва дурнамои он  мубодилаи афкор намуданд.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ташрифи меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, ба Холгер Вифел барои дастгирии тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт  миннатдорӣ баён намуд.
Дар мулоқот, аз ҷумла, масъалаи татбиқи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникии таъсиси Маркази логистикӣ дар гузарогоҳи сарҳадии «Дустӣ», воқеъ дар шаҳри Турсунзода баррасӣ карда шуд.
Лоиҳаи мазкур бо дастгирии БАТР ва ҷалби ширкатҳои аврупоии  ETECON ва Ecoline International Ltd амалӣ карда мешавад.
Дар марҳилаи аввал, ҷонибҳо ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва техникию иқтисодии лоиҳаи мазкурро таҳлил намуда, тибқи натиҷаҳои ҳосилшуда ба татбиқи марҳилаҳои баъдии он идома медиҳанд.


                                                                                                                                           Бознашр аз сомонаи mintrans.tj