Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ҷиҳати ривоҷ додани ҳамлу нақл долони нақлиётӣ ташкил мекунанд. Дар ин бора қаблан дар мулоқотҳои Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбарони вазоратҳои нақлиёти Эрон ва Афғонистон созиш ҳосил шудааст. Ҷонибҳо ба мувофиқа расида буданд, ки амалӣ шудани ин иқдом вобаста ба ҳамлу нақл ба манфиати иқтисодии кишварҳо мебошад.Бо мақсади пайгирӣ ва ҳалли ин масъала ҳайати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазир Шоиста Саидмуродзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари корӣ анҷом дод.
14-15 июли соли равон дар Машҳад, шаҳри шимолу шарқии Эрон ва маркази маъмурии вилояти Хуросон ин кишвар, миёни намояндагони расмии се давлат гуфтушунид доир гардид, ки дар он масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилии боркаши фаромарзӣ, фаъолсозии долонҳои транзитии минтақавӣ, густариши мубодилаи савдо ва мусоидат ба ҳамкории васеи иқтисодӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо дар бораи таъсиси долони нақлиётии автомобилӣ Протоколи дахлдори сеҷонибаро ба тасвиб расониданд. Зери ин санад муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода, роҳбари Созмони роҳҳои автомобилгард ва нақлиёти роҳи Эрон Ризо Акбарӣ ва намояндаи Вазорати нақлиёт ва авиатсияи граждании Афғонистон Ёрмуҳаммад Рамазон имзо карданд.
Долони нав имкон медиҳад, ки борҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон тавассути Афғонистон интиқол дода шаванд. Нахустин ҳаракати озмоишии мошинҳои боркаш тавассути долони нав дар давоми як моҳ ба нақша гирифта шудааст — он ба санҷиши фаъолияти расмиёти гумрукӣ ва сарҳадӣ, инчунин ҳамкории хадамоти нақлиётии се кишвар кӯмак хоҳад кард.
Барои татбиқи лоиҳа Гурӯҳи кории доимии сеҷониба таъсис ёфт. Гуруҳ ба рафъи монеаҳои эҳтимолӣ, назорати иҷрои созишномаҳо ва омода кардани пешниҳодҳо оид ба рушди минбаъдаи хатсайр машғул хоҳад шуд.
Илова бар ин, кишварҳо ният доранд, ки инфрасохтори сарҳадро беҳтар кунанд, вақти интизории мошинҳои боркашро дар марзҳо коҳиш диҳанд, ҳуҷҷатҳои ронандагонро содда кунанд ва низоми суғуртаи нақлиётро рушд бахшанд.
Дар оянда долони автомобилӣ метавонад то ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин васеъ карда шавад.
Мулоқоти навбатии намояндагони се кишвар дар охири моҳи октябр — аввали ноябри соли 2026 дар Кобул баргузор мешавад, ки дар он натиҷаҳои татбиқи қарори ҳосилшуда муҳокима карда мешаванд.