ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

РУШДИ ДОЛОНҲОИ НАҚЛИЁТИВУ ЛОГИСТИКӢ - САМТИ МУҲИМИ ҲАМКОРӢ

2026-09-23 06:47:22 | Диданд: 22

        Санаи 21 сентябри соли 2026 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор – 2026 оғоз гардида, дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Форуми мазкур санаҳои 22-23 сентябр идома карда, дар он масъалаҳои мубрами рушди устувори соҳаи нақлиёт, таҳкими ҳамбастагии байналмилалӣ, рушди долонҳои нақлиётӣ, рақамикунонии ҳамлу нақл ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
        Дар ҷаласаи нахустини форум, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Фарух иштирок намуда, мавқеъ, таҷриба ва афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди нақлиёти устувор муаррифӣ намуданд.
        Форуми ҷаҳонии нақлиёти устувор-2026, ки бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзҳои 22-23 сентябр дар Пекин баргузор гардид, ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави рушди низоми нақлиётӣ равона карда шудааст.
        Бояд гуфт, ки нақлиёт дар шароити муосир танҳо воситаи интиқоли мусофирон ва молу маҳсулот набуда, яке аз заминаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, густариши тиҷорат, таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва пайвастани бозорҳои миллӣ ба низоми ҷаҳонии иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
        Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳистонӣ буда аз дастрасии мустақим ба баҳрҳои ҷаҳонӣ маҳрум мебошад, масъалаи таъмини пайвастагии самараноки нақлиётӣ ва рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ аҳамияти хос дорад. Дар чунин шароит рушди роҳҳои автомобилгард, инфрасохтори логистикӣ, терминалҳои муосир, бандарҳои хушк ва низомҳои рақамии ҳамлу нақл метавонад барои беҳтар намудани интиқоли молу маҳсулот ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои нақлиётӣ мусоидат намояд.
        Дар доираи Форум масъалаи пешниҳоди «Барномаи чаҳорчӯбавии рушди глобалии устувор ва ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт» баррасӣ гардида, иштирокчиён атрофи роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти нақлиёти устувор мубодилаи афкор намуданд.
        Зимни суханронӣ Ашурзода Фарух аз номи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ташкили чунин платформаи байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мубодилаи таҷриба ва андешаҳо изҳори сипос намуд.
        Тазаккур бояд дод, ки иштироки намояндаи Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ имконият фароҳам меорад, ки мавқеъи кишвар дар соҳаи нақлиёт муаррифӣ гардида, таҷрибаи дигар давлатҳо омӯхта шавад ва барои татбиқи ташаббусҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам ояд.
        Барои Тоҷикистон рушди ҳамкориҳои нақлиётӣ бо Чин на танҳо масъалаи сохтмон ва таҷдиди инфрасохтор, балки масъалаи ташаккули низоми муосир, рақамӣ, бехатар ва ба талаботи иқтисоди ҷаҳонӣ мутобиқшудаи нақлиётиву логистикӣ мебошад.
        Дар ин самт рушди долонҳои маҷмуи нақлиётӣ, такмили инфрасохтори сарҳадӣ, бунёди марказҳои логистикӣ, рақамикунонии расмиёти боркашонӣ, рушди ҳамлу нақл ва омодасозии кадрҳои соҳибтахассус метавонад самтҳои муҳими ҳамкории минбаъда бошад.
        Дар маҷмуъ иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор-2026 дар самти густариши робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика қадами муҳим ба шумор рафта, барои муаррифии иқтидори нақлиётии кишвар, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкорӣ ва муҳокимаи масъалаҳои мубрами рушди устувори соҳа имконияти муҳим фароҳам меорад.