ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

СУРЪАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 2026 ВА 2027 БАЛАНД БОҚӢ МЕМОНАД. Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт мешуморанд

2026-10-02 03:38:50 | Диданд: 22

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 ба андозаи 7,3% ва дар соли 2027 ба андозаи 6,8% афзоиш хоҳад ёфт. Чунин пешбинӣ дар «Таҳлили рушди Осиё» (Economic Forecasts for Asia and The Pacific) - и Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) зикр шудааст.
Ин арзёбиҳо бо пешгӯии апрелии БОР мувофиқат мекунанд.Он  замон Бонк   интизор буд, ки пас аз 8,4%  афзоиш  дар соли 2025 суръати рушди иқтисодии Тоҷикистон то андозае суст шуда, вале баланд боқӣ мемонад.
Ба ақидаи иқтисоддонҳои БОР, рушди иқтисодиёт дар сатҳи 7% яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар байни кишварҳои рӯ ба инкишоф дар ҷаҳон ҳисобида мешавад.
Тибқи ояндабинии БОР, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2026 ба андозаи 7,3% ва дар соли 2027 ба андозаи 6,8% афзоиш хоҳад ёфт.
«Рушди баланди иқтисодии Тоҷикистон барои таъсиси босуръати ҷойҳои нави корӣ имконият фароҳам меорад, – мегӯяд Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото. –  Бо рушди соҳаҳои рақобатпазир ва сердаромад, аз саноати хӯрокворӣ ва нассоҷӣ то истеҳсоли маҳсулоти минералӣ, кишвар метавонад рушди иқтисодиро ба шумораи бештари ҷойҳои кории босифат табдил диҳад, ки ин афзалияти асосии Стратегияи шарикии мо бо Тоҷикистон мебошад».
Коршиносони БОР чор соҳаро ҳамчун  муҳаррикони асосии рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ном мебаранд: энергетика, нақлиёт ва логистика, саноат ва соҳаи хизматрасонӣ.
Осиёи Марказӣ, ки ба баҳр роҳи баромад надорад, долонҳои нақлиётиро фаъолона рушд медиҳад ва ба маркази транзитӣ байни Шарқ ва Ғарб табдил меёбад. БОР лоиҳаҳои беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётро дастгирӣ мекунад, ки ин хароҷоти логистикиро коҳиш медиҳад, тиҷорати хориҷиро ҳавасманд месозад ва сармоягузории иловагиро ҷалб менамояд. Рушди  ҳамлу нақли мултимодалӣ ва рақамисозии равандҳо (масалан, содда кардани расмиёти сарҳадӣ) самаранокиро баланд мебардорад ва имкониятҳои нави ҳамкории иқтисодиро фароҳам меорад.
Мутобиқи Стратегияи нави шарикӣ барои солҳои 2026-2030, БОР ба нақша гирифтааст, ки ба инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон, бахусус дар доираи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) сармоягузорӣ кунад. Ин, аз ҷумла, такмил додани роҳҳо ва ташкили долонҳои логистикиро дар бар мегирад.
Баъзе лоиҳаҳое, ки аллакай бо дастгирии БОР дарТоҷикистон амалӣ карда шудаанд:
— таҷдиди роҳи автомобилгарди байналмилалии «Душанбе — Бохтар»;
— бунёди роҳи автомобилгарди «Обигарм-Нуробод»;
— сохтмони роҳҳои автомобилгарди «Хулбук — Темурмалик — Кангурт» ва «Бохтар — Данғара — Гулистон»;
— барқарорсозии қитъаи 40-километрии роҳ аз Окмазор то Бохтар дар вилояти Хатлон.
Ёдовар мешавем, ки дар давраи солҳои 2026-2028 БОР барои дастгирии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла барои навсозии инфрасохтор тақрибан 1,1 миллиард доллари ИМА ҷудо карданӣ аст.
                                                              МАЪЛУМОТНОМАИ МО
БОР бонки пешрафтаи бисёрҷониба мебошад, ки рушди фарогир,тобовар ва устуворро дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дастгирӣ мекунад.
Дар ҷараёни кор бо кишварҳо ва шарикони худ барои ҳалли мушкилоти ҳамаҷонибаи рушд, БОР воситаҳои инноватсионии молиявӣ ва шарикии стратегиро барои тағйир додани ҳаёти одамон, эҷоди инфрасохтори босифат ва ҳифзи сайёраи мо истифода мебарад.
БОР соли 1966 таъсис ёфта¸ ба 69 кишвар тааллуқ дорад, ки 50  адади онҳо дар минтақа ҷойгиранд.


                                                                                                                                           Бознашр аз сомонаи https://mintrans.tj