ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

ҲАДАФ – БА БЕШ АЗ $2 МЛРД РАСОНИДАНИ ГАРДИШИ МОЛ ТО СОЛИ 2030. Тоҷикистон ва Узбекистон ният доранд, ки интиқоли борро суръат бахшанд ва монеаҳоро дар марз коҳиш диҳанд

2026-11-18 13:23:04 | Диданд: 19

Тоҷикистон ва Узбекистон ба мувофиқа расиданд, ки ҳамлу нақли борро байни кишварҳо осонтар ва қобилияти интиқоли гузаргоҳҳои сарҳадро афзун намоянд. Тағйирот имкон хоҳад дод, ки интиқолдиҳандагон сарҳадро сари вақт убур кунанд ва ҳангоми интиқоли мол ба таъхир роҳ надиҳанд.
Ин масъалаҳо 11 ноябр дар Тошканд, дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон ба шумули муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшон Насриддинзода, бо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Махкамов баррасӣ шуданд.
Яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот пардохти ҳазинаи нақлиёти автомобилӣ байни ду кишвар буд. Ҷонибҳо баррасии нархҳои амалкунандаро ҷиҳати кам кардани хароҷоти боркашонӣ бидуни аз даст додани сифат баррасӣ карданд.
Масъалаи дигар низ, ки марбут ба роҳи оҳан буд, баррасӣ шуд. Дар ҷараёни борфарорӣ аз вагонҳо иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Дар робита ба ин, намояндагони ду кишвар барои тезонидани расмиёт ва рафъи монеаҳои мавҷуда тасмим гирифтанд.
Ба гузаргоҳҳои сарҳадӣ диққати махсус дода шуд. Тоҷикистон ва Узбекистон ният доранд, ки иқтидори интиқоли онҳоро афзоиш диҳанд ва барои ҳаракати нақлиёти боркаш шароити мусоид фароҳам оранд. Ин имкон медиҳад, ки вақти интизорӣ дар сарҳад кам карда шавад ва интиқоли мол суръати бештар гирад.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар муддати кӯтоҳтарин барои афзоиши содирот ва осон кардани интиқол бор тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Тавре қаблан маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, охири моҳи майи соли равон дар гузаргоҳи сарҳадии «Фотехобод – Ойбек» бо мақсади рушди ҳамкории наздисарҳадӣ ва баланд бардоштани самаранокии кори гузаргоҳ ҷаласаи Гурӯҳи корӣ баргузор гардид.Ҷонибҳо афзоиши қобилияти интиқоли гузаргоҳ, ҷорӣ кардани технологияҳои муосири рақамӣ дар маъмурияти гумрукӣ ва табодули таҷриба оид ба табдили рақамии хизматрасониҳоро муҳокима карданд.
Ба мушкилоти назорати гумрукӣ ва убури сарҳад, инчунин таҳияи механизмҳои муштараки ҳалли фаврии онҳо диққати махсус дода шуд. Иштирокчиёни ҷаласа инчунин дурнамои ҷорӣ намудани назорати муштараки гумрукиро аз рӯи принсипи «як равзана» баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Узбекистон торафт меафзояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев вазифа гузоштаанд, ки гардиши мол байни ду ҷумҳурӣ то соли 2030 ба зиёда аз 2 миллиард доллар расонида шавад.


                                                                                                                                           Бознашр аз сомонаи mintrans.tj