ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҳамоиши тантанавии кормандони соҳаи нақлиёту роҳ бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022-11-14 04:33:47

Ҳамоиши тантанавии кормандони соҳаи нақлиёту роҳ бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Дар ҳамоиш ҳамчунин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон, ходими сиёсиву ҷамъиятӣ, собиқадори меҳнат Бозгул Додихудоева, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кароматуллои Олим ва раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода иштирок ва суханрнӣ намуданд. Ҳамоиш бо ворид кардани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани Сурурди миллӣ чун рамзи садоқат ба муқаддасоти миллӣ оuоз гардида, баромадкунандагон оид ба таърихи баргузории иҷлосияи тақдирсоз, ки дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд ва аз он рӯзи сарнавиштсоз тамоми ҳастии худро барои сарҷамъиву осудагии халқи тоҷик бахшиданд ҳарф заданд ва аз ҷоннисориҳои Сарвари маҳбуби кишвар дар барқарор намудани сулҳу субот ва ободонии кишвар мисолҳо оварданд. Хамчунин ҳали толорро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфта, даъват ба амал оварданд, ки ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободиву созандагӣ ва осудагии кишвар бояд бирасанд.   Иштирокдорони ҳамоиш аз суханронии баромадкунандагон дар бораи аҳамияти таҷлили ин иҷлосияи сарнавиштсоз як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.